Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар ДДМИТ студияи сабти видеоии дарсҳо кушода шуд

Дар ДДМИТ студияи сабти видеоии дарсҳо кушода шуд

Дар асоси Нақшаи татбиқи лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ДДМИТ студияи сабти видеоии дарсҳо барои донишҷӯён ташкил карда шуд. 
Барои ташкили студияи мазкур аз тарафи лоиҳаи донишгоҳ техника, аз ҷумла видеокамера бо сумка, комбайни дискӣ, HD-видео-камера барои студия, дисплеи интерактивӣ, телевизор, компютери фардӣ, якчанд намуди рӯшноидиҳандаи светодиодӣ, намудҳои гуногуни микрофонҳо, дастгоҳи тақвиятдиҳанда бо баландгӯякҳо харидорӣ карда шудааст. 
Бояд қайд намуд, ки барои коркарди сабтҳо дар студия қисми монтаж низ мавҷуд аст, ки дар он коргардон сабтҳоро коркард ва бо комбайни дискӣ онро ба дискҳо сабт намуда, барои донишҷӯён пешниҳод менамояд. 
Дар студия се саҳна мавҷуд аст, ки саҳнаи асосӣ барои сабти дарсҳо, саҳнаҳои 2-юм ва 3-юм барои сабти мусоҳибаҳо омода шудаанд ва онҳо бо мебел ва нақшҳои гуногун таҷҳизонида шудаанд. Дар вақти сабти дарсҳо устод метавонад аз телевизор ва дисплеи интерактивӣ истифода барад, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо барои устод хеле муфид аст. 
Дар оянда ин студияро барои мусоҳибаҳои телевизионӣ ва радиоӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Он барои паҳн намудани эълонҳо оид ба чорабиниҳои донишгоҳ хеле зарур аст. Дар оянда, агар студияи мазкурро ба интернет пайваст намоем, мо метавонем табрикот, мусоҳибаҳо ва дигар чорабиниҳои телеизиониро тавассути студия ба воситаи интернет ба ҳамаи устодону донишҷӯён паҳн намоем ва онҳоро аз фаъолияти донишгоҳ бохабар намоем. 
Бояд зикр кард, ки иқдоми лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба ташкили студияи сабти видеоӣ қобили дастгирист ва боварӣ дорем, ки барои баланд бурдани сифати таълим мусоидат менамояд. 


Манучеҳр Диловаров