Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқот баҳри дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон

Мулоқот баҳри дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён тамоми мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Хусусан дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои илмиву адабии равияҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки донишҷӯёни лаёқатмандро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунанд. Бо чунин мақсад санаи 19-уми октябри соли ҷорӣ бо иштироки васеи кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни ДДМИТ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи мазкур Шокирзода Муҳаммадтолиб ва роҳбарони маҳфилҳои он, аз ҷумла Ҷабборзода Мадина, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон», Насриддинова Раъно–«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Мадина Ҳасанзода–«Роҳбалад», Дилшодзода Шоҳрух–«Илм фурӯғи маърифат», Давлатзода Шодмеҳр–«Стипендиантҳои ҷавон», Зуҳуров Сайидамир–«Ҳуқуқшиносони ҷавон» ва Нуров Раббонӣ, роҳбари волонтёрони «Пайравони Пешвои миллат» иштирок карданд. 
Чорабинии мазкурро сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода Абдулло ҳусни оғоз бахшида, фикру андешаҳояшро оид ба баргузории ин вохӯрӣ баён намуд. Пасон муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумита Шокирзода Муҳаммадтолиб ва роҳбарони маҳфилҳои зикршуда суханронӣ намуда, ҳар яке оид ба маҳфилҳои мазкур маълумот дода, донишҷӯёнро барои иштирок дар он даъват карданд. 
Ҳамчунин қайд намуданд, ки ташкили чунин маҳфилҳо танҳо ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушду такомули ҷаҳонбинии онҳо буда, Кумита метавонад беҳтаринҳоро бо идрорпулӣ таъмин кунад. Вохӯрии мазкур барои иштирокчиён ҷолибу хотирмон буд. 

Ифтихор Юсуфов