Хабарҳо
Намояндагони ДДМИТ ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати андозсупории сокинони кишвар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа»–ро роҳандозӣ намудааст. Озмуни мазкур аз рӯйи ду номинатсия «Андоз аз нигоҳи наврасон» ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Рӯзи 20 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмун баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дастаи олимпии ДДМИТ дар озмуни зикршуда фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз он ҷумла донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнес Ҷалолов Абдулло ва Додихудоев Панҷшанбе сазовори ҷойи якум, Самадзода Гулшода сазовори ҷойи дуюм ва Мирзоева Сабрина сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ Зокиров Назир ҷойи сеюм, хатмкардаи ихтисоси мазкур Ниёзов Муҳаммад ва Шоев Ҳоким, Мардонова Сомона, Муродхоҷазода Сӯҳроб ҷойи ифтихорӣ гирифта, бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон устоди донишгоҳ н.и.и., дотсент Исломов Т.С. сазовори ҷойи дуюм, ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ Фатҳиддинзода Қадриддин ҷойи ифтихорӣ гирифта, бо сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбаст ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло баромад карда, ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин озмуни шаффофу маърифатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории ин қабил чорабиниҳоро барои тақвияти дониши толибилмон ва боло бурдани маданияти андозсупории шаҳрвандон муҳим арзёбӣ кард.
Ректор дар охир ба Давлатзода Нусратулло, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд нафар масъулини ин озмун барои вусъати ҳамкорӣ дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи андоз Сипосномаи ДДМИТ-ро тақдим намуд.