Хабарҳо
Донишҷӯи мо чемпиони Осиё
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Зоҳидзода Воҳид, донишҷӯи курси 3, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаи омехта MMA, ки дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 8-11 октябр доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардид. Ӯ бо медали нуқра ва Дипломи дараҷаи 2 ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Хамзамон ӯ барои иштирок дар Чемпионати байналмилалӣ роҳхат гирифтааст, ки ифтихори Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Зоҳидзода Воҳид аз хурдӣ дар ин намуди варзиш машқу тамрин менамояд ва ин ғолибияти аввалинаш нест. Ӯ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Мураббии ӯ Акбар Саидов мебошад, ки дар клуби варзишии «Деҳқонбача» фаъолият мекунад.
Мо Воҳидро бо ин дастоварди беҳтарин табрик намуда, барояш саломатӣ ва парвозҳои нав ба навро таманно дорем.