Хабарҳо
Баргузории маҳфилҳо дар хобгоҳҳо
Тибқи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ санаи 20 октябр бо донишҷӯёни хобгоҳҳои 1-ум ва 2-юми ДДМИТ маҳфилҳо баргузор гардид, ки он бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, раёсати тарбия роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар хобгоҳи 1-ум дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Қурбонов Ҳ. дар мавзӯи “Нақши забони тоҷикӣ дар худшиносии миллӣ” баромад намуда, аз асолату таърихи дуру дарози забони форсии тоҷикӣ суханронӣ намуд. Устод қайд намуд, ки забон дар масири таърих ба чандин пастиву баландӣ, муҳорибаву фишорҳои аҷнабиён рӯ ба рӯ шуд ва бо ҳамаи онҳо муқовимат намуд ва пирӯз гардид. Муроҷиат ва пешниҳоди устод барои шогирдон ин буд, ки онҳо пайваста аз мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмӣ дур набошанд, зеро Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки донишандӯзӣ инсонҳоро ба мартабаҳои баланд мерасонад.
Инчунин дар хобгоҳи 2-юми ДДМИТ устодони факултети технологияи итилоотӣ дар иқтисодиёт Ғафуров Парвиз, Воҳидов Умар ва Темурбекова София дар мавзӯъҳои иқтисодиёти рақамӣ, моделҳои иқтисодӣ, барномаҳои мобилӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати онлайн (ройгон) (khanokodemi) баромад намуданд. Устодон ба иштироккунандагон пешниҳод намуданд, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати онлайн иштирок намуда, дониши худро сайқал диҳанд ва аз ин гуна барномаҳо истифода баранд, то як мутахассиси соҳибтаҷриба барои Тоҷикистони азизи худ бошанд.