Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истифодабарии муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Истифодабарии муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири инкишофи қобилияти азхудкунии насли наврас ва ҷавонон ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Бинобар ин, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон карда шудааст. Ба ин хотир дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат чорабиниҳои махсус доир карда мешавад. Хусусан, дар ДДМИТ як қатор семинару маҳфилҳои илмӣ гузаронида мешаванд. 
Санаи 21-уми октябр бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи математикаи олӣ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи «Истифодабарии муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид. Ҷаласаро сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева оғоз намуда, зикр кард, ки ташкилу баргузории чунин семинарҳо барои бедор кардани завқи донишҷӯён ба фанҳои табиию риёзӣ нақши муҳим дорад. 
Сипас, дотсенти кафедраи математикаи олӣ Бобоалӣ Шарипов дар мавзуи «Татбиқи муодилаҳо ва системаи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ» маъруза намуд. Мавсуф зикр кард, ки масъалаҳои экологиро тариқи муодилаҳои дифференсиалӣ ҳал намудан яке аз роҳҳои осонбаёнӣ аст. Ҳамчунин, маърузачӣ аз мақолаҳои олимони рус иқтибосҳо оварда, мутолиа ва истифодаи онҳоро дар дарсҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тавсия дод. 
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси идораи давлати факултети иқтисод ва бизнес Авазбек Замира дар бораи матритса ва роҳҳои ҳал кардани он маъруза карда, бо формулаҳо гуфтаҳояшро тақвият дод. 
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифта, устодону донишҷӯён дар он фаъолона иштирок карданд. 


Ифтихор Юсуфов