Хабарҳо
Арзёбии корхонаи муштарак ҳамчун шакли самараноки фаъолият
Ба хотири рушди иқтисодиёт ва ҷалби бештари сармоя бояд сараввал механизми воридсозии он ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузории ватаниву хориҷӣ ба манфиати кор аст. Бахшида ба ҳамин мавзӯъ санаи 21-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Корхонаи муштарак чун шакли самараноки фаъолияти МИБ» бо иштироки устодону донишҷӯён ва сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Ҳасанова М. баргузор гардид.
Семинарро мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Давлатшоева З.М. ҳусни оғоз бахшида, мавсуф зимни суханрониаш оид ба фаъолияти чандин корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, самаранок будани ин навъи фаъолиятро таъкид намуд.
Пасон н.и.и., муаллими калони ҳамин кафедра Файзуллоева Сарвиноз дар мавзӯи «Корхонаи муштарак чун навъи фаъолияти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ» маърӯза ироа намуд ва қайд кард, ки тариқи ташкили корхонаҳои муштарак мо метавонем иқтисодиёти дохилӣ ва хориҷиро инкишоф дода, ҳамчунин дӯстиву рафоқат ва муносибатҳои байналмилалиамонро бо дигар давлатҳо хеле хуб ба роҳ монем. Ҳамчунин баромадкунанда гуфтаҳояшро бо факту далелҳои оморӣ тақвият бахшид.
Дар охир музокира дар доираи мавзӯъ ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки донишҷӯёну устодон фаъолона иштирок карданд.
Юсуфов Ифтихор