Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши духтарон барои фаъолкунии онҳо

Ҳамоиши духтарон барои фаъолкунии онҳо

Таваҷҷуҳ ба масъалаи фаъолкунонии бонувону ҷавондухтарон яке аз масъалаҳои актуалӣ ва мавриди диққати ҳамаҷонибаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барои татбиқи ин ҳадафҳо дар кишвар барномаҳои гуногун амалӣ гашта истодаанд. Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ зери роҳбарии Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдухтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад. Шумори донишҷӯдухтарон дар муассиса афзуда истодааст ва баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо роҳбарият кӯшиш ба харҷ медиҳад. 
Ба ҳамин мақсад санаи 21 октябри соли равон бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ ва Шӯрои занону донишҷӯдухтарон дар донишгоҳ ҳамоиш таҳти унвони «Ҳадафҳо ва роҳҳои расидан ба мақсадҳо баҳри рушди бемайлони фаъолноккунонии донишҷӯдухтарон» доир карда шуд. Муовини ректор оид ба тарбия Қодирова Б. ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид ва оид ба одобу ахлоқи духтарон, маданияти либоспӯшӣ ва амсоли ин чанд нуктаи муҳимро баён намуд. 
Пасон сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода Абдулло, раиси Шӯрои занону донишҷӯдухтарон Тахмина Умаралиева, ҷомеашинос Мавҷуда Давлатова, ҳамшираи тиббӣ Меҳрона Ҳакимова бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки масъалаи фаъолнамоии ҷавондухтарон дар муассиса яке аз мавзуъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар доираи ҳамин мавзуъ ҳамасола донишҷӯдухтарону бонувон барои таҳсил ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дарҷ гардид, ки минбаъд низ Шӯро кори худро дар ин самт ҷоннок намуда, ба масъалаҳои ҳалталаби занону донишҷӯдухтарон саривақт расидагӣ мекунад. 


Тахмина Умаралиева, раиси Шӯрои занону донишҷӯдухтарони ДДМИТ