Хабарҳо
Татбиқи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити индустриаликунонии мамлакат
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ аҳамияти махсус дода, бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар ин доира, санаи 23-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар ДДМИТ конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Механизми татбиқи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити индустриаликунонии мамлакат: воқеият ва дурнамо» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, зикр кард, ки мавзуи баррасишавандаи имрӯза актуалӣ буда, аз дастури Пешвои миллат бармеояд. Бо мақсади тақвияти рушди минбаъдаи низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти аудиторӣ ин конфронс роҳандозӣ гардида, бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти миллӣ бо истифода аз иқтидори илмии олимони донишгоҳ ва ҷалби мутахассисони соҳа аз дигар муассисаву ташкилотҳо барои таҳқиқоти масоили мубрами механизми татбиқи сиёсати баҳисобгирии мусоҳибӣ дар шароити саноатикунонии мамлакат пешниҳоду тавсияҳо карда мешаванд.
Пасон Умаров М.Б. сардори раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои методологии баҳисобгирии муҳосибӣ дар замони муосир» маъруза намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки аз тарафи Вазорати молияи ҶТ 36 стандарт дар бахши хусусӣ ва 14 стандарт дар бахши давлатӣ омода карда шудааст. Феълан дар мамлакат 223 корхонаи аҳамияти умумидошта амал мекунад ва сармуҳосиби ин корхонаҳо танҳо бо мувофиқаи Вазорати молия ба вазифа таъйин карда шаванд. Ҳамзамон, аз тарафи вазорат Дастурамали намунавии вазифавии сармуҳосиби корхона таҳия карда шудааст ва сармуҳосибон бо он ошно бошанд, - гуфт Умаров М.
Баъдан н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДТТ Мирзоалиев А.А. оид ба «Дурнамои назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ: тағйирёбии нақши муҳосибӣ» баромад намуда, дар бораи дурнамои касби муҳосибӣ чунин андешаҳо иброз дошт, ки технологияи доиморушдёбанда ва пайдоиши навовариҳо дар ҷаҳон ба рушди иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Баҳисобгирӣ дар ҳама гуна тиҷорат нақши муҳим мебозад, зеро амалиётҳои хуби баҳисобгирӣ метавонанд маълумоти дақиқ, мувофиқ ва арзишманди молиявиро пешкаш кунанд, ки ба қабули қарорҳои беҳтари тиҷорат ва афзоиши матлуб оварда мерасонад.
Мавсуф барои беҳтаршавии сифати омодакунии кадрҳои баҳисобгирии муҳосибӣ чанд камбудиро номбар кард, ки бояд ислоҳ шаванд, аз қабили номувофиқатии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ, камчинии воситаҳои таълимӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо, аз такмили ихтисос гузаронидани муҳосибони касбӣ, зеро илми муҳосибӣ илми амалист, расмӣ будани ҳисоботи муҳосибии корхонаҳо ва ба ҳамин монанд.
Дар идома мудири кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ дотсент Тӯхтаев Т.М. дар мавзуи «Зарурати татбиқи консепсияи асосии менеҷменти молиявӣ дар сохторҳои соҳибкории ватанӣ» баромад кард. Номбурда қайд кард, ки соҳибкори муосир барои муваффақ шудан бояд пойгоҳи пурқуввати муҳосибӣ ва дастгоҳи қабули қарорҳои дуруст дошта бошад, то ин ки фаъолияташро пеш барад. Ӯ барои пешбурди фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ аз дидгоҳи менеҷменти молиявӣ дар такя ба консепсияҳо қарорҳои дахлдор пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, Комилов Ш.А. директори ширкати аудитории «ПКФ Тоҷикистон» дар мавзуи «Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ ва хусусии иқтисодиёти миллӣ» баромад кард.
Мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ дотсент Маъдиев С. оид ба «Масъалаҳои мубрами татбиқ намудани баҳисобгирӣ дар ташаккулёбии модели интустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза ироа намуда, таъкид дошт, ки татбиқ намудани сиёсати баҳисобгирӣ дар ташаккулёбии модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисоди миллӣ бо таъсиси иттилоот ва иҷрои вазифаи идоракунии ҷараёни иқтисодӣ-молиявӣ, системаи таҷассумкунандаи талабот ва имкониятҳо мебошад. Дарёфт ва сафарбар кардани онҳо бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди маҳалҳо таъмингари рушди устувори кишвар ва дар амал татбиқ намудани рукни саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ҳозирин фаъолона ширкат варзиданд ва ба саволҳояшон ҷавобҳои мукаммал гирифтанд. Дар музокира олимони соҳа Шобеков М. ва Абдураҳимов А. баромад карда, дар бораи муаммову воқеияти вазъи илми баҳисобгирии муҳосибӣ истода гузаштанд.
Гуфта шуд, ки яке аз шартҳои муҳими татбиқи сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити индустриаликунонии мамлакат баробари ҷалби имкониятҳои молиявӣ, таъсисдиҳӣ ва пешниҳоди иттилооти шаффоф, пурра ва дақиқи ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои молиявии корхонаҳо ба шумор рафта, зарурати рушди минбаъдаи низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудиториро аз мавқеи илмию методологӣ ба миён овардааст.
Конфронс дар бахшҳо корашро идома дод.
Машҳура Абдуллоева