Хабарҳо
Ҳимояи навбатӣ
Санаи 16-уми октябри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-055-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холов Рустам Шермаҳмадович, муаллими калони кафедраи омори ДДМИТ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таҳқиқоти иқтисодӣ-омории сатҳи монетизасияи иқтисодиёти миллӣ» аз рӯйи ихтисоси 08.00.12 - Ҳисоби муҳосибӣ, аудит ва омор таҳти роҳбарии Мирзоев Сайалӣ Сайвалиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи омори ДМТ ҳимоя намуд.
Мо ба ин комёбии илмӣ Холов Рустамро таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи омӯзгорӣ ва илмӣ барояш барор хоҳонем.