Хабарҳо
Саёҳати донишҷӯёни курси якум ба осорхонаи миллӣ
Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» толорҳои намоишии худро бо нигораҳои нодири таърихӣ мукаммал гардонда, шумораи онҳоро ба 36 ҳазор расондааст. Бинобар ин бо мақсади аз наздик дидан ва шиносоӣ бо таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик санаи 20-уми октябри соли равон бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор бо ҳамроҳии сарпарастонашон ба саёҳати «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» сафарбар шуданд.
Зимни тамошои осорхона донишҷӯён ғайр аз он ки энигораҳоро аз наздик диданд, боз дар бораи онҳо аз роҳбаладон маълумоти муфассал низ гирифтанд. Донишҷӯён, ҳамчунин, бо урфу одат, маданият, таърихи асили миллат шинос шуда, ҳисси худшиносиву худогоҳиашон баландтар гардид.
Икромов Назаралӣ, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ