Хабарҳо
Арзёбии дипломатияи тиҷоратӣ
Шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аз чораҳое ба ҳисоб меравад, ки баҳри пешрафти иқтисодиёт ва зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда ва бориз гузошт. Ин мавзуъ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта мавриди пажӯҳиши олимону муҳаққиқони соҳа қарор гирифтааст. Вобаста ин санаи 26-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Дипломатияи тиҷоратӣ (робитаҳои ҶТ ва СУС)» баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ н.и.и., дотсент Давлатшоева З. ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки дипломатияи тиҷоратӣ метавонад иқтисоди ин ё он давлатро рушду инкишоф диҳад.
Пасон ассистенти ҳамин кафедра Ҳамроев М. дар мавзуи «Дипломатияи тиҷоратӣ (робитаҳои ҶТ СУС)» маърӯза ироа намуда, оид ба дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, рушду тараққиёти иқтисоди бозорӣ фикру ақидаҳояшро баён намуд ва барои тақвияти гуфтаҳояш мисолҳо оварда, онҳоро тариқи тахтаи электронӣ нишон дод.
Ҳамчунин донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-25010300 иқтисоди ҷаҳон Камолова С. суханронӣ карда, фикру ақидаҳояшро дар бораи ин мавзуъ баён кард.
Дар охир суолу ҷавоб ва музокирот сурат гирифт, ки донишҷӯёну устодон дар он фаъолона иштирок карданд. Маҳфил барои ҳозирин аз манфиат холӣ набуд.
Ифтихор Юсуфов