Хабарҳо
Баррасии дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саҳми фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар иқтисоди кишвар, хусусан саноат басо бузург аст. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба соҳибкорон як қатор сабукиҳо дода шуда, ҳамчунин тариқи қарзҳои фоизашон паст, андозбандӣ ва амсоли ин дастгирӣ карда мешаванд. Санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ аз тарафи раёсати илм ва инноватсия семинари доимамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзуи «Мукаммалгардонии механизмҳои дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. оғоз ва дар мавриди фаъолияти соҳибкорӣ, саҳми он барои ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ва амсоли ин чанд нуктаро зикр намуд.
Пасон ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ Саъдиев Ҳумайнӣ оид ба мавзуи дар боло зикршуда маъруза ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки саҳми соҳибкорон дар рушди бозори дохилӣ ва иқтисоди миллӣ басо муҳим буда, натиҷаи онро мо имрӯз ба хубӣ дида истодаем. Ҳамчун далел иқтибосот ва нақшаҳои электронӣ ба ҳозирин нишон дода шуданд. Дар охир саволу ҷавоб ва ҷамъбасти нишаст сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён фаъолона иштирок карда, фикру андешаҳояшонро баён карданд. Семинар ҷолиб ва хотирмон гузашт.
Юсуфов Ифтихор