Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози олимпиадаи донишҷӯён дар ДДМИТ

Оғози олимпиадаи донишҷӯён дар ДДМИТ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат ҳамасола дар муассисаҳоли таҳсилоти миёнаву олии касбӣ олимпиада аз фанҳои гуногун гузаронида мешавад. Хусусан бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳар сол дар таълимгоҳ олимпиадаи донишҷӯён аз рӯйи фанҳои дар донишгоҳ тадрисшаванда баргузор мегардад. 
Олимпиада, асосан, ба муайян намудани роҳу усулҳои беҳтари таълим, такмили фаъолияти таълимии донишҷӯён, болоравии сифати тайёр намудани мутахассисон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида мешавад. Олимпиада озмунест, ки дар он дараҷаи дониш ва малакаҳои зеҳнии донишҷӯён муайян шуда, ғолибони он имкон пайдо мекунанд, ки дар даврҳои минбаъда ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гиранд. 
Тибқи фармоиши ректори ДДМИТ ва низомномаи тасдиқгардида озмун дар ду давр баргузор карда мешавад. Даври якуми он аз 26-ум то 30-юми октябри соли равон дар сатҳи факултетҳо ва даври дуюм аз 14-ум то 19-уми феврали соли 2022 миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ гузаронида мешавад. 
Хотиррасон менамоем, ки санаи 26-уми октябри соли равон дар донишгоҳ даври якуми олимпиада оғоз гардида, фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, назарияи иқтисодӣ ва математикаи олиро дар бар гирифт. Имрӯз 27-уми октябр олимпиада аз фанҳои ҳуқуқ ва забони англисӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳо фаъолона иштирок намуданд. 


Ифтихор Юсуфов