Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пули миллӣ ва истиқлоли давлатӣ

Пули миллӣ ва истиқлоли давлатӣ

Санаи 28-уми октябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи «Пули миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид. 
Семинарро муовини ректор оид ба илм Сафаров Б. ҳусни оғоз бахшида, гуфт, ки ин семинар бахшида ба рӯзи барориши пули миллӣ (30 октябр) гузаронида мешавад, зеро пули миллӣ таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии халқи тоҷик аст. 
Пасон директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шариф Раҳимзода дар бораи таърихи пули миллӣ баромад намуд. Профессор Шариф Раҳимзода ҳамчун масъули барориши пули миллӣ таассуроташро аз он раванди таърихӣ гуфта гузашт. Мавсуф қайд намуд, ки бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ зарурате пеш омад, ки ба муомилот пули миллӣ ворид карда шавад. Бинобар ин, 10 майи соли 1995 рубли тоҷикӣ ба муомилот ворид ва 30 октябри соли 2000 бошад, ба пули миллӣ ислоҳот ворид карда шуда, нишонаҳои пулӣ иваз карда шуданд. Номи он ба сомонӣ мубаддал карда шуда, унсурҳои ҳимоявиаш тақвият бахшида шуд. Пули миллии сомониро ширкати бонуфузи Олмон баровардааст ва аз он лаҳзаҳои таърихӣ профессор филми мустанадро намоиш дод, ки таърихи барориши пули миллиро ифода менамуд ва дар он лаҳзаҳои корӣ дар лаборатория ва сехи барориши пул тасвир ёфтааст. Профессор ҳар як лаҳзаи ин филмро хосатан шарҳу тавзеҳ дод. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охир дар бораи зарурати барориши пули миллӣ, мустақилият ва пули миллӣ, таносуби қурби пули миллӣ нисбати дигар асъорҳои хориҷӣ, паёмади баровардани номинали пулҳои калон, эҳтиром нисбати пули миллӣ ва дигар саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод. 


Машҳура Абдуллоева