Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти магистранти мо дар озмуни «Илм–фурӯғи маърифат»

Ғолибияти магистранти мо дар озмуни «Илм–фурӯғи маърифат»

Бо мақсади дастгирӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»(2020-2040) ҳамасола бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ташкил ва гузаронида мешавад, ки дар он ғолибон бо туҳфаҳо ва диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки магистранти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи математика дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки рӯзҳои 4-7-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм гашт ва бо диплом қадрдонӣ гардид. 
Қобили қайд аст, ки Муҳаммадфирӯз Ҳасанов зери роҳбарии н.и.и., дотсент Ғафуров Парвиз дар чандин озмуну олимпиадаҳо иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Мо бо ин дастоварди калони илмӣ Муҳаммадфирӯзро муборакбод менамоем ва барояш дар даври ҷумҳуриявӣ муваффақият хоҳонем ва умед дорем, ки дар ин давр низ дастболо мегардад ва номи донишгоҳро мебардорад. 


Юсуфов Ифтихор