Хабарҳо
Дарси кушод дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Рӯзи 28-уми октябри соли равон н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ дар мавзӯи «Фаъолияти рекламавӣ (таблиғот) ва бренд дар корхона» дар курси 2-юми ихтисоси менеҷмент дарси кушод ташкил ва гузаронида шуд. Дар дарс кормандони садорати факултет, шуъбаи мониторинги сифати таълим, устодони кафедраи менеҷмент ва дигар устодони ҷавони донишгоҳ бо мақсади таҷриба омӯхтан ташриф оварданд.
Дар дарс устод Хоҷазода Д. оид ба моҳияти ва зарурати реклама дар даромаднокии фаъолияти корхона, мақсад ва вазифаҳи реклама, услуби фаъолияти рекламавӣ, ҷузъҳои мухталифи бренди маҳсулотҳо ва дигар паҳлуҳои он ба донишҷӯён фаҳмонид. Гуфта шуд, ки ширкатҳои ватанӣ низ баъди соҳибистиқлолӣ зери брендҳои миллӣ дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар фаъолият карда, муаррифгари маҳсулоти ватанианд.
Дар дарс устод аз методҳои интерактивии таълим истифода бурда, тариқи слайд моҳият ва аҳамиятнокии мавзуъро барои донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент ба таври васеъ кушода дод. Зимни дарс фаъолнокии фаъолияти маърифатии толибилмон таъмин гардида, мавзуъ бо ихтисос, бо ҳаёт ва илм алоқаманд карда шуд. Қисмати мустаҳкамкунии дарс тавассути саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ба ташаккули донишҳои зеҳнӣ, маҳорату малака, тафаккури эҷодӣ ва доираи ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён – мутахассисони оянда мусоидат мекунад. Умуман, ҳамаи принсипҳои таълим дар раванди дарси кушод риоя шуда, дарс пурмазмун ба анҷом расид ва устод ба мақсади гузоштааш комёб шуд.
Ифтихор Юсуфов