Хабарҳо
Баргузории маҳфили донишҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷӣ
Имрӯзҳо дар тамоми раёсату факултет ва кафедраҳои ДДМИТ маҳфилу семинарҳои илмии гуногун баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён амал карда истодаанд. Ин аст, ки санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ дар назди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ маҳфили донишҷӯён таҳти унвони «МУҲАББАТ БА ВАТАН – LOVE OF COUNTRY» бо роҳбарии устоди кафедра Р.Дустмуродов баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, устодони кафедра, ҳамчунин, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ширкат варзиданд. Р.Дустмуродов маҳфилро бо чунин суханони адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик Фотеҳ Абдулло (Ардамеҳр) ҳусни оғоз бахшид: «Зодгоҳам! Рустоҳо бисёранд, шаҳрҳо бисёранд, кишварҳо бисёранд. Вале ту ягонаӣ, дар ту бо шири модар Офтобро хӯрдам. Туро натавон бадал кард. Ту, тавонӣ, бе ман бошӣ. Вале ман бе ту натавонам буд! – My birthplace! There are many villages, many cities, and many countries. But you are the only one, in you I ate the Sun with mother's milk. You can be without me. But I couldn’t live without you!»
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Сироҷиддин Тоҷиддинзода, Иброҳим Қаюмзода, Шаҳноза Норова ва Ислом Ибадуллаев бо маърузаҳои хеш бо забонҳои тоҷикиву англисӣ баромад намуданд. Сипас байни устодону донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар анҷоми ҷамъомад Р.Нурмаҳмадова, намояндаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ барои баргузории маҳфил ба ҳайати устодону донишҷӯён арзи сипос намуда, иброз дошт, ки гузаронидани чунин маҳфилҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Ифтихор Юсуфов