Хабарҳо
Муждаи илмӣ: Хайрзода Ш.Қ. рисолаи докторӣ ҳимоя кард
Боиси хушнудӣ ва ифтихори аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст, ки роҳбари илмдӯсту кордони таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ санаи 30 октябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон диссертатсия илмиро дар мавзӯи «Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бесуботии молиявӣ (назария, методология, амалия)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.10 – Молия, гардиши пул ва қарз бо сари баланд ҳимоя намуд.
Диссертатсия дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иҷро гардида, мушовири илмӣ Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; мебошад.
Мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз он иборат аст, ки тағйироти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамзамон маънои куллан дигаргуншавии арзёбии ҷойгоҳ ва нақши низоми бонкӣ дар иқтисодиёти миллиро дорад, ки вобаста ба табиати худ ҷузъи муҳиму таркибии муносибатҳои такрористеҳсолӣ дар хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Рушди бомароми иқтисодиёти миллӣ, ташкили мақсадноки муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа аз фаъолияти босамару устувории низоми бонкии кишвар вобастагӣ дорад.
Навгонии илмии таҳқиқот аз инкишоф додани назарияи фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла коркарди мукаррароти назариявию методологӣ, консепсияҳо ва равишҳои методӣ оид ба таъмини рушди устувори низоми бонкӣ барои кишварҳои дорои иқтисоди трансформатсионӣ дар шароити бесуботии молиявӣ иборат мебошад. Ҳалли ҳамаҷонибаи муаммоҳои устувории низоми бонкӣ дар маҷмӯъ ва унсурҳои он (ташкилотхои қарзӣ) дар шароити ҳолати буҳронӣ асоснок карда шудааст.
Дар таҳқиқоти диссертатсионӣ чунин хулоса карда шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти низоми бонкии кишвар, хусусан бонкҳои низомсоз, таҳия ва татбиқи низоми зиддибуҳронии идоракунӣ зарур мебошад. Идоракунии зиддибуҳронии низоми бонкӣ онро на танҳо аз буҳрон мебарорад, балки дар ниҳоят рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин менамояд.
Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ диссертант хулосаю пешниҳодҳои судманд кардааст, ба мисли гузаронидани сиёсати ягонаи молиявии бонки тиҷоратӣ, истифодаи усули ояндабинӣ ҳангоми мушоҳида ва арзёбии натиҷаҳои фаъолияти бонк, яъне, мониторинги хавфҳо мебошад. Дар асоси натиҷаҳои модели таҳияшудаи таъмини устувории низоми бонкӣ ду сенарияи мустақили рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ноустувории молиявӣ - индустриалӣ ва индустриалӣ- инноватсионӣ пешниҳод карда шуданд, ки он барои таҳкими идоракунии корпоративӣ, заминаи институтсионалии рушди бонкҳо, такмили танзими макроиқтисодӣ, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи амонатгузорон ва сармоягузорон, ба афзоиши сафарбаркунии ҳам захираҳои озоди дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, афзоиши афзоиши қарзҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёт аз ҷониби бонкҳо мусоидат хоҳад кард.
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо муаррифии кори диссертатсионии худ фаъолнокӣ нишон дода, ба саволҳои аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ ҷавобҳои пурра ва қонеъкунанда дод.
Мо бо ин дастоварди бузурги илмӣ, яъне ҳимояи рисолаи докторӣ, ки дар чанд соли ахир рӯйдоди нодир аст, олими ҷавон, роҳбари пуртаҷриба ва устоди серталабу масъулиятшинос – ректори ДДМИТ муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналиро аз номи коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, барои фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ ва сарвариаш муваффақиятҳои навинро хоҳонем.