Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”

Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад. 
Мақсад аз таҷлил ва баргузор намудани чорабинӣ дар доираи “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” васеъ кардани имконияти наврасону ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад. 
Бахшида ба санаи мазкур аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки доираи васеи ҷавонон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид. 
Дар оғози чорабинӣ сардори шуъбаи сиёсати амонатии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва коғазҳои қиматнок Зайниддинов А.Н. оид ба таърихи ташкилёбии «Амонатбонк», ки дар асоси кассаҳои қарзӣ - амонатгузорӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро аз соли 1885 оғоз намудааст, ба иштирокчиён маълумот доданд. 
mhfft400.jpgГуфта шуд, ки Амонатбонк дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат як қатор хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд. Аз он ҷумла пардохти нафақа, музди меҳнати корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, пардохти кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, қабули маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағи Маркази миллии тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, маблағ барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ ва ғайра. Дар маҷмуъ хизматрасониҳои «Амонатбонк» зиёда аз 200 номгӯйро ташкил медиҳад. 
Инчунин оид ба намуди пасандозҳо, фоизи он ва манфиати кушодани пасандоз дар Бонк, алалхусус оид ба пасандозҳои “Муҳлатнок”, “Ҷамъшаванда”, “Муҳлатнок бо пардохти иловагӣ”, “Муҳлатноки кӯдакона”, “Муҳлатноки нафақавӣ” ва “Муҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ”, ки дар «Амонатбонк» амал менамоянд, ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд. 
Иқтисодчии пешбари шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дохилии Департаменти қарздиҳӣ Сатторов Б.Ҷ. оид ба хизматрасонии овердрафтии Бонк ва қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои дастрас, ки аз ҷониби «Амонатбонк ба мизоҷон пешниҳод мегардад, маъруза намуда, қайд намуд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” баҳри рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳмгузор буда, дар ин самт пайваста қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи паст аз ҷумла дар доираи иқдомҳоии “Кишоварз-2021”, “Истиқлол-30”, “Дониш-2021” пешниҳод намудааст. 
Дар чорабинии омӯзишӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” ҷавонону донишҷуён фаъолона ширкат варзида ба суолҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд. 
Дар баробари тақдими маводҳои тарғиботӣ ва армуғонӣ ба кулли иштирокчиён, се нафар иштирокчии фаъоли чорабинии омӯзишӣ Сафаров Шаҳром, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия, Раҷабова Беҷода, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори бонкӣ, Отаҷонова Парвина, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардида ба номи 3 нафар ҷавони фаъоли дигар бошад, яъне Ғоибов Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, Бойматова Мадина, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия, Аъзамова Таҳмина, унвонҷӯи кафедраи фаъолияти бонкӣ дар раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” суратҳисоби пасандози “Муҳлатнок” кушода шуд. 
Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дониш ва маърифати молиявии аҳолӣ, аз он ҷумла наврасону ҷавонон мусоидат намуда, эътимоди онҳоро ба бонкҳои кишвар бештар мегардонад.