Хабарҳо
Конститутсия баёнгари мустақилист
Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли равон дар донишгоҳ ҳамоиши илмию сиёсӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар эъмори сулҳу ваҳдат» доир гардид, ки дар он доираи васеи меҳмонону устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоишро ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ ва оид ба нақши қонуни асосии кишвар дар пойдории давлат ва рушди он ибрози андеша намуд. Ш. Хайрзода зимни баромадаш қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин қонуни асосиест, ки дар он арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз қабили забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ будани давлат ва дигар арзишҳои муҳими миллӣ аз нав эҳё ва муқаррар карда шудаанд.
Ректор илова дошт, ки бо шарофати қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва татбиқи босамари асосҳову муқаррароти он ва дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷумҳурии азизи мо рушд карда, сатҳи иҷтимоию иқтисодиёти кишвар баланд гардида истодааст. Ӯ Конститутсияро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва заминагузорандаи воқеии рушди устувори тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ ва кафили ҳуқуқҳои тамоми табақаҳои ҷамъият ҳисобид.
Баъдан Рустам Шоҳмурод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон баромад карда, дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал маълумот дод. Мавсуф омилҳои асосии қабули қонуни асосиро дар расидан ба Истиқлоли давлатӣ, қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, баргузоршавии Иҷлосияи ХVI Шӯрои олӣ ва барқароршавии сохти конститутсионӣ маънидод кард. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.
Тавре Рустам Шоҳмурод иброз дошт, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати худро дошт ва ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷузъ аз хизмат ба мардум ва амалисозии ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.
Сипас доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Шавкат Исмаилов, ки аъзои гурӯҳи кории таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, хотироташро аз раванди омодасозӣ, муҳокима ва қабули ин санади таърихӣ нақл кард. Дар баромади худ Ш. Исмаилов дар бораи таърих ва таҳияи Конститутсияи кишвар сухан ронда, гуфт, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад.
Тавре профессор таъкид дошт, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисону олимони маъруфи кишвар дар муддати 6 моҳ омода гардид ва ба муҳокимаи умумимиллӣ гузошта шуд ва ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Гуфта шуд, ки қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд.
Дар ҷамъбаст раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода баромад намуда, аз номи роҳбарияти ҳизб аҳли нишастро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва афзуд, ки муҳимияти Конститутсия на танҳо дар таҳким ва инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлоли комили сиёсӣ, балки дар барқарор кардани сулҳи тоҷикон низ ба таври назаррас эҳсос мешавад. Бинобар ин, Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиест, ки барои фароҳам овардани заминаҳои комили ҳуқуқии ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати навини тоҷикон пояи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқро мустаҳкам гардонид.
Дар ҷамъбаст Файзуллозода З. бахшида ба ин санаи муҳим ректори ДДМИТ Ш.Қ.Хайрзодаро бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино қадрдонӣ намуд.
Машҳура Абдуллоева