Хабарҳо
Конститутсия – бахтномаи миллат
Ҳамасола бахшида бар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои миёнаву олии кишвар чорабиниву маҳфилҳои бошукуҳ гузаронида мешаванд. Хусусан дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳбарияту факултетҳо ин ҷашнро бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд мекунанд. Санаи 5-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, раёсати тарбия ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро декани факултет Муқимов М. ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як нафар муқаддас аст, чунки таъмингари ҳуқуқу озодиҳои мост.
Пасон сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода А. ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсия табрику таҳният намуда, онро самараи соҳибистиқлолӣ ва сиёсату қаҳрамониҳои хирадмандонаи Пешвои миллат арзёбӣ кард.
Дар охир аз тарафи донишҷӯёни факултет шеърҳо дар бораи бобҳои Конститутсия, Ватан, Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ қироат карда шуданд. Ҳамчунин суруд дар васфи Ватан сароида шуд, ки табъи иштирокчиёнро болида гардонд.
Ифтихор Юсуфов