Хабарҳо
Натиҷаҳои сафари омӯзгорони мо ба Булғористон
Дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон – шарики хориҷӣ сафари омӯзишӣ анҷом доданд. Дар сафари мазкур иштирокчиён бо ректори донишгоҳ, бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳи мазкур, аз ҷумла Маркази акселераторон-Бизнес-инкубатор, шуъбаи таълими шакли онлайн ва фосилавӣ, шуъбаи таълим, илм, байналмилалӣ ва маркази карерӣ (Карерный центр) вохӯриҳо анҷом доданд. Яке аз вохӯриҳои асосӣ ин вохӯрӣ бо ректори донишгоҳи номбурда – Евгений Станимиров буд.
Дар ифтитоҳи вохурӣ ректори Донишгоҳи иқтисодии Варна профессор Евгений Станимиров оид ба самтҳои асосии рушди стратегии муассиса ба ҳозирин маълумоти мухтасар дод. Номбурда, аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи иқтисодии Варна дувумин мактаби олӣ (мактаби олии аввалин Донишгоҳи шаҳри София - 1888) ва аввалин мактаби олии самти иқтисодӣ дар Болгария (соли таъсис - 1920) ба ҳисоб меравад. Имсол 101-солагии таъсисёбии донишгоҳи мазкур қайд гардид.
Мавсуф инчунин қайд намуд, ки Стратегияи ДИВ дар 4 сутун устувор аст:
• Соҳибкорӣ;
• Интернатсинализатсия;
• Дигитатсия;
• Инноватсия.
Самти бартаридоштаи фаъолият дар рейтинги муассиса соҳибкории инноватсионӣ дар робита бо муҳити шаҳрӣ ва акселератсия мебошад. Айни замон 104 нафар донишҷӯ пас аз соли 3-юми таҳсил соҳиби лоиҳаҳои тиҷоратии хусусӣ мебошанд, натиҷаи фаъолияти соҳибкории худи онҳо мебошад.
Барномаҳои таълимӣ дар муассиса бо иштироки намояндагони корфармо ва бизнес-сохторҳо таҳия карда мешаванд. Самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бошад, дар доираи лоиҳаҳо рушд меёбад.
Муассиса бо 2300 шарикон аз 30 мамлакати дунё дар заминаи интихоб фаъолият дорад.
Дипломҳои муштарак бо донишгоҳҳои Олмон, Россия, Ҳиндустон ва Филиппин ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкориҳо бо шарикон доир ба фаъолияти соҳибкорӣ, инноватсионӣ ва креативӣ сурат мегиранд. Дар стратегияи рушди муассиса фаъолгардонии ҳавасмандии омӯзгорон ва донишҷӯён, пазируфтан дар Аврупо ҳамчун муассисаи рушди соҳибкорӣ мақоми асосӣ доранд.
Дар самти такмил ва таҳрири барномаҳои таҳсилот, кам кардаин шумораи фанҳои таълимӣ, ба таври даврӣ ё сиклӣ ба роҳ мондани таълим роҳбарияти донишгоҳ андешаҳои навоварона иброз намуд. Аз ҷумла ба 2 қисм ҷудо кардани машғулиятҳои назариявӣ: контент (маълумоти назариявӣ) ва анконтент (саволу ҷавоб). Бозомӯзии касбии омӯзгорон, чунки дигитализатсия (анбӯҳи иттилооти электронӣ) аз омӯзгорон пеш гузаштааст.
Дар навбати худ, муовини аввал, муовини ректори ДДМИТ оид ба таълим Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим намояндагони донишгоҳи шарики хориҷиро тавассути презентатсия бо донишгоҳ шинос намуд. Мавсуф дар бораи рушди донишгоҳ, бартариҳои он дар самти таълим, илм ва байналмилалӣ гуфт.
Дар охир ректори Донишгоҳи иқтисодии Варна ба намояндагони ду донишгоҳи меҳмон – Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Данғара, ки иштирокчии лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» мебошанд, нишони донишгоҳи худро тақдим намуд.
Дар навбати худ, аз номи ректорони ДДМИТ ва ДДД ба ректори ДИВ туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Диловаров Манучеҳр – намояндаи лоиҳа