Хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлатдории навин
Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили умумидонишгоҳии илмию тарбиявии «Чароғи маърифат» доир гардид.
Онро Мирзоева Е., сардори раёсати илм ва инноватсия кушода, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент дар кишвар аз эҳтирому арҷгузорӣ ба Пешвои миллат маншаъ мегирад. Хизматҳои Президенти мамлакат барои халқи Тоҷикистон ва бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон хеле калон буда, онро метавон беназир номид.
Сипас роҳбари маҳфил Бақозода С. суханронӣ карда, оид ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои Президенти кишвар баҳри беҳбудии кишвари азизамон ва сокинони он, вазъи имрӯзаи ҳамсоякишвари мо –Афғонистон андешаҳояшро иброз намуд.
Баъдан Сайфулло Сафаров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ дар мавзӯи «Пешвои миллат–рамзи озодиву истиқлол» баромад кард. Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз рамзи озодии ҳар яки мост ва мардуми шарафманди тоҷик ҳеҷ гоҳ хизматҳову қаҳрамониҳояшонро фаромӯш намекунанд.
Гуфта шуд, ки шахсияти Пешвои миллат бо ҳама зебоиҳояш, хирадмандиҳояш мардумӣ буда, дар деги ҳаёти ин миллат бо камиву костӣ, бо пешрафту дастовардҳояш ҷӯшида, ба сатҳи миллӣ расидааст ва метавонад дар қатори пешвоёни маънавию фарҳангӣ, қаҳрамонҳои ватанпарвару меъморони ин миллати куҳанбунёд ҷой ва мақоми хешро дошта бошад ва барои наслҳои оянда ҳамчун як намунаи барҷастаи шахсиятҳои миллӣ боқӣ монад.
Дар охир музокира ва ҷамъбасти маҳфил сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён дар он фаъолона ширкат варзиданд. Маҳфил барои ҳозирин хубу хотирмон гузашт.
М. Абдуллоева