Хабарҳо
Арзёбии менеҷменти тамаддунсозии роҳбарӣ дар асри XXI
Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи Президент қайд карда мешавад. Хусусан дар Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон як қатор маҳфилу чорабиниҳо гузаронда мешаванд. Аз ҷумла санаи 11-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ДДМИТ маҳфили илмии «Зеҳн»-и кафедраи менеҷмент дар мавзӯи «Менеҷменти тамаддунсозии роҳбарӣ дар асри XXI» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфилро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ҳусни оғоз бахшида, оид ба нақши Пешвои миллат ҳамчун роҳбар фикру андешаҳояшро мухтасар иброз намуд. Пасон д.и.и., профессор Ғаниев Т.Б. оид ба мавзуи болозикр ба ҳозирин маъруза ироа кард. Мавсуф зимни баромадаш зикр кард, ки мавқеи забондонӣ, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир, дуруст истифода бурдани интернет ва амсоли ин дар сиёсати ҷаҳонӣ аз талаботи тамаддунсозии муосир буда, саҳми Пешвои миллат баҳри ин беҳбудиҳо басо бузург аст. Соҳиби Пешвои хирадманд будан дар замони пуртазоди имрӯза яке аз талаботҳои менеҷменти тамаддунсозии роҳбарӣ мебошад. Дар сурати ноил шудан ба ин комёбиҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мо метавонем ҳамчун озодандеш ва соҳибхирад шинохта шавем.
Баъдан саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ҳозирин дар он фаъолона ширкат варзида, аз ҷавобҳои баромадкунанда қаноатманд гардиданд. Маҳфил барои иштирокчиён хотирмон ва ҷолиб гузашт.
Ифтихор Юсуфов