Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Президенти мо–ифтихори мо

Президенти мо–ифтихори мо

Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллату давлати мо ба воситаи ҷасорату қаҳрамониҳои Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гардид. Ба хотири поси хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент бо тамоми шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин сана 12-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Президенти мо- ифтихори мо» бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. 
Маҳфили мазкурро декани факултет Сатторов Б. ҳусни оғоз бахшид ва зимни суханрониаш қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун тоҷики асил ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсоз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватан пайваст. 
Сипас профессор Сайфулло Сафаров - Раиси анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон баромад кард. Мавсуф зимни суханрониаш қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян намуд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун Сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. 
Дар идома Давлатзода А.Д.-сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ суханронӣ намуд. Муҳтавои суханрониҳои ӯро хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ва амсоли инҳо ташкил мекарданд. 
Дар охир музокира ва ҷамъбасти нишаст сурат гирифт, ки иштирокчиён дар он хеле фаъол буданд. 


Ифтихор Юсуфов