Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат

Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат

Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президент бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад. Тӯли ҳафтаи равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз як қатор маҳфилу чорабиниҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла санаи 15-уми ноябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси факултети молия ва қарз чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро декани факултет Нурализода А. ҳусни оғоз бахшид ва зимни суханрониаш зикр кард, ки месазад дар бораи қаҳрамониҳову хизматҳои Пешвои миллат ҳазорҳо китоб навишт, ҳазорҳо барнома пахш кард, аммо ҳамаи ин кам аст. Вазъи имрӯзаи ҳамсоякишварамон Афғонистонро дида, ба чунин хулоса меоем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик туҳфаи тақдир аст. 
Пасон дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Бақозода С. суханронӣ карда, оид ба даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, нобасомониҳо, даҳшату хатари нестшавии миллат ва амсоли ин фикру ақидиҳояшро баён намуда, Сарвари кишварро ҳамчун наҷотбахши миллат арзёбӣ кард. 
Баъдан сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Давлатзода А. дар бораи Пешвои миллат ҳамчун пуштибону ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ, чи дар арсаи сиёсати дохилӣ ва чи хориҷи кишвар маънидод кард. Ҳамчунин андешаҳои ӯ як инсони комилу идеал будани Президенти кишварро дар бар мегирифтанд. 
Дар қисмати дувуми чорабинӣ яке аз барномаҳои то ҳол машҳури «Президенти мардумӣ»-и С. Бақозода ба намоиш гузошта шуд, ки муҳоҷирати мардуми тоҷик ба Афғонистон ва даҳшатҳои замони ҷанги таҳмилии бародаркуш ва хизматҳои Пешвои миллатро дар баргардонидани гурезаҳо ба Ватанро фаро мегирад. 
Дар поёни чорабинӣ аз тарафи садорати факултети молия ва қарз як гурӯҳ донишҷӯёни дар озмуну олимпиадаҳо ширкаткунанда ва дар дарсҳо фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. 


Ифтихор Юсуфов