Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президент нишонаи эҳтиром ба Ватан аст

Таҷлили Рӯзи Президент нишонаи эҳтиром ба Ватан аст

Рӯзи 16 ноябри соли равон дар донишгоҳ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил карда шуд. Бахшида ба ин санаи муборак чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи устоду кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 
Чорабиниро ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло ифтитоҳ намуда, дар бораи сабабҳои маҳз дар санаи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ва хизматҳои шоёни Сарвари давлат барои мардуми кишвар истода гузашт. 
Ректор дар бораи 10 ташаббуси беҳтарини Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки барои пешравии миллат ва минтақа равона гардидаанд, аз қабили таъсиси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ба мардум тақсим кардани заминҳо, истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, аз минбари СММ даъват ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, муайян намудани се ҳадафи стратегӣ, таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявии маърифатӣ, эълони саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои андешидашуда дар давраи авҷи COVID-19, ки барои пайдоиши иммунитети умумӣ мусоидат намуд, андешаҳо вобаста ба вазъи Афғонистон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дастгирӣ намуд ва ба ҳамин монанд ташаббусҳои ҷаҳонӣ эътибори Президенти кишвари моро дар байни мамолики олам даҳчанд баланд кард. Интихоби Президент ва таҷлили Рӯзи Президент ин ифодаи иродаи халқ аст ва аз мушоҳидаҳо мебинем, ки ин интихоб дуруст аст, гуфт Хайрзода Ш. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молия баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз рӯзи таърихист, зеро маҳз рӯзи 16 ноябр дар Иҷлосияи XI Шӯрои олӣ намояндагони мардумӣ роҳбарияти нави мамлакатро дар симои марди дурандешу адолатмеҳвар интихоб намуданд, ки барои наҷоти миллат дар арсаи сиёсат чун ахтари дурахшон падидор гардид. 
Таърихи имрӯзаи Тоҷикистон собит месозад, ки як шахсияти соҳибирода, самимӣ ва марди нек метавонад дар таърихи миллат ва давлати худ нақши сарнавиштсоз дошта бошад. Ин воқеиятро корҳои созандагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофарӣ, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии кишвар пурра собит намуд. 
Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз он ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт таъмин карда шавад. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Пешвои муаззами миллат як қатор ислоҳоти молиявиро паси сар намуда, имрӯз ба интегратсияи нави ҷаҳонӣ шомил гардид ва дар пайи рӯ ба инкишоф қарор дорад. 
r_prz406.jpgПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламонро тарҳрезӣ ва муайян намудааст, ки онҳо дар доираи ҳадафҳои стратегӣ зина ба зина амалӣ гардида истодаанд. Бевосита дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ки таҳти сарварии Пешвои миллат анҷом дода шудааст, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар аз 13,4 млн. сомонии соли 1991 ба 92,6 млрд. сомонии соли 2021 баробар гардид, ки аз тадбири дуруст дарак медиҳад. 
Дар ҷамъбаст мувоини вазир таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявию андоз ва буҷет зиёда аз 20 санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба мустақилияти фаъолияти ягонаи молиявии ҷумҳурӣ кафолат медиҳад. Яке аз онҳо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав мебошад, ки он инъикоскунандаи таҷрибаи сисолаи самти молия мебошад ва барои бартарафсозии мушкилоти бахши хусусӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд. 
Дар идома Сайфулло Сафаров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ баромад карда, дар бораи фазилатҳои инсонӣ, ташаббусҳои созанда ва тадбирандешиҳои ҳакимонаи Пешвои миллат андешаронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад. 
Зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад, чунки таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. 
Гуфта шуд, ки моҳияти мардумӣ будани Президенти Тоҷикистон дар он аст, ки он кас манфиатҳои мардум ва давлатро як дониста, ҳифзи онҳоро вазифаи худ ва ҳар шаҳрванд меҳисобанд, доимо ба назди мардум мераванд, бо мардум суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд, аз дарди дили мардум огоҳанд. 
Дар охир барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби ансамбли «Ҷавонӣ», ки фарогири суруд, рақс ва шеърҳои баландмазмун дар ситоиши Пешвои миллат, Ватан ва Тоҷикистон буд, манзури ҳозирин карда шуд, ки ифодагари эҳтирому муҳаббати самимии иштирокчиён нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. 


Машҳура Абдуллоева