Хабарҳо
Чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент
Боиси сарафрозист, ки баҳри қадр кардану арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни таҳсини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми ноябр дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президент қайд карда мешавад. Дар макотиби миёнаву олии кишвар тӯли як ҳафта аст, ки ин ҷашн бо шукуҳу шаҳомати хосса қайд шуда истодааст. Хусусан дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар кафедраву факултет ва раёсатҳо чорабиниву маҳфилҳои идона баргузор мешаванд. Санаи 15-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии баналмилалӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд. Чорабиниро декани факултет Муқимов Қ. ҳусни оғоз бахшида, мавсуф зимни суханрониаш ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда муборакбод гуфт. Ҳамчунин қайд кард, ки мо ба кадом соҳае назар афканем, дар он саҳму хизматҳои Пешвои миллатро мебинем.
Пасон н.и.т. дотсент Муллоҷонов А. оид ба саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон суханронӣ намуд ва доири армони чандинасраи мардуми тоҷик, ҷанги шаҳрвандӣ ва амсоли ин фикру андешаҳояшро иброз кард.
Ҳамчунин сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Давлатзода А. баромад намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат–Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон ва пуштибони манфиатҳои миллӣ аст.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултет ба ҳозирин шеъру суруду намоишномаро дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва Истиқлоли давлатиро ироа карданд.
Чорабинӣ ҷолибу хотирмон гузашт.
Ифтихор Юсуфов