Хабарҳо
Садоқат ба Президент садоқат ба ватан аст
Чунончи ба ҳамагон маълум аст ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент қайд карда мешавад. Қобили зикр аст, ки дар ин гуна чорабиниву нишастҳо саҳми Пешвои миллатро дар соҳаҳои алоҳида мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ саҳми назарраси Президенти кишвар дар соҳаи иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаҷиҳата таҳлилу тавсиф карда шуд.
Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар ДДМИТ бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳти унвони «Садоқат ба Президент садоқат ба Ватан аст» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва намоянда аз раёсати корҳои тарбиявии таълимгоҳ чорабинии сиёсӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкурро декани факултет Ҷурахонзода Баҳодур бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зимни суханрониаш қайд кард, ки месазад барои хизматҳои Пешвои миллат ба ӯ садоқат дошта бошем. Президенти кишвар идеали олӣ дар ҳама ҷабҳаҳо аст ва хизматҳои аз сидқи дил кардааш далели ин гуфтаҳоянд.
Пасон н.и.и. Имматшоев З. дар бораи саҳми Пешвои миллат дар пешрафти иқтисоди давлатӣ суханронӣ кард. Номбурда қайд кард, ки иқтисоди мо рӯз аз рӯз тараққӣ карда истодааст ва ба ин нишондиҳандаҳои оморӣ далели қатъиянд.
Пасон сардори раёсати корҳои тарбиявии таълимгоҳ Давлатзода А. дар бораи хислатҳои таҳаммулпазирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат аз манфиатҳои миллии тоҷикони Афғонистон суханронӣ намуд. Дар охир музокира ва ҷамъбасти нишаст сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Юсуфов Ифтихор