Хабарҳо
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни мардумӣ
Таҳти ҳамин унвон санаи 15-уми ноябри соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии сиёсӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикорупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҷабборов Фарҳод ба ҳайси меҳмон ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Неъматов И.У. ҳусни оғоз намуда, қайд кард, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14-уми майи соли 2016 инҷониб дар Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамасола ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо суруру шодмонӣ ҷашн гирифта, онро гиромӣ медоранд.
Сипас сардори Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Давлатзода А.Д. ва Ҷабборов Ф.Н. доир ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд.