Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳусейнова Гулпарӣ: «Китоб тақвиятбахши ҷаҳони маънавист»

Ҳусейнова Гулпарӣ: «Китоб тақвиятбахши ҷаҳони маънавист»

Боиси ифтихору сарбаландист, ки омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳусейнова Гулпарӣ дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз худ кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи дуюм гардид. 
Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни мазкур баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони он (63 нафар) мукофотҳои пуливу молӣ ва Диплому Сипосномаҳои мақомоти мазкур тақдим гардиданд, ки дар қатори онҳо Ҳусейнова Гулпарӣ ҳаст, ки бо 15 ҳазор сомонӣ ва Диплом сарфароз гардонида шуд. 
Албатта, ин дастоварди бузург барои тамоми аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ буда, ифодагари намунаи олии китобдӯстии устоди донишгоҳ аст, зеро ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтани намояндаи донишгоҳ аввалин маротиба рух медиҳад. 
Муаллима Ҳусейнова Гулпарӣ худ зодаи деҳот буда, дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст, аз хурдӣ дар рӯҳияи китобхониву китобдӯстӣ камол ёфтааст. Ӯ аз солҳои донишҷӯӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахши фаронсавӣ-англисӣ таҳсил мекард, аллакай хонандаи фаъол буд ва номгӯи зиёди романҳои адибони бузурги тоҷик ва ҷаҳонро мутолиа намуда буд. Муаллима донандаи чор забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ) буда, бо онҳо озода дарс медиҳад. 
Мо бо ин дастоварди бесобиқа муаллимаро табрик намудем ва дар бораи таассуроташон бо эшон суҳбате оростем. 
– Муаллима, Шуморо аввалан бо ин дастовард табрик менамоем. Бигӯед, ки чӣ боис шуд, ки Шумо ба ин озмун рӯ оваред ва дар он иштирок кунед? 
– Ташаккур, соли гузашта падарам Ҳусейнов Аҷикулло, ки айни ҳол 63-сола ҳастанд, дар даври ҷумҳуриявии ин озмун сазовори ҷойи намоён гардиданд ва ин барои ман намунаи пайравӣ ва омӯзиш шуд. Ғайрати падар маро водор кард, ки имсол пас аз ҳимояи рисолаи илмиам ва шарафёб гаштан ба унвони илмии номзади илмҳои филологӣ, бо тавсияи падар хуб тайёрӣ дида, дар ин озмун аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз худ кардани осори адибони ҷаҳон» миёни аспиранту докторантҳо, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ иштирок намудам. Бинобар ин, агар падарамро аввалин устодам гӯям, саҳв нахоҳам кард, зеро китобдӯстиву масъулиятшиносӣ аз хун ба ман гузаштааст. Баъдан устод Ҷумъа Махшулов нозукиҳои таҳлил ва тарзи шеър хонданро омӯзонданд. Ман аз устодонам хеле миннатдорам. 
– Шавқи китобхонӣ дар Шумо кай пайдо шуда буд? 
– Синфи чор ё панҷ будам, ки падарам хондани китоби Томас Майн Рид «Савораи бесар»-ро тавсия доданд. Азбаски китоб ба забони русӣ ва ман хонандаи мактаби тоҷикӣ будам, баъзе ҷойҳояшро намефаҳмидам ва ба падарам ва муаллимаи забони русиамон муроҷиат мекардам. То он вақте ки ҷойи мушкилашро нафаҳмам, ором намешудам ва фаҳмидан замон худамро мисли шахси тиллоёфта ҳис мекардам. Хеле хурсанд мешудам. Ана ҳамин эҳсосот то ҳол дар ман ҳаст ва хондани китоби нав бароям як рӯҳияи дигар мебахшад, эҳсосоти баланди камолоти маънавӣ ва ҳаловат медиҳад. 
– Кадом китобҳоро дар ин муддат мутолиа кардед ва китобҳои пеш аз ин хондаатон ба Шумо лозим шуданд? 
– Албатта, тайи чанд муддат аст, ки китобҳои калонҳаҷм, романҳои 500, 700 саҳифаӣ ва гоҳо аз инҳо зиёдтарро мехонам. Ба китобҳои ҳаҷмашон хурд қариб, ки рӯ намеорам, чунки онҳоро дар замони наврасӣ ва донишҷӯӣ хонда будам. Вақте ки аз рӯйи номинатсия тайёрӣ медидам, он ҷо китобҳое буданд, ки нахондаам ва пайваста онҳоро аз худ мекардам. Аъзои ҳакамон аз ҳар ҷо мепурсиданд. Гоҳо мешуд, ки саволҳо аз доираи он асарҳое буданд, ки ман онҳоро 10-20 сол пеш аз ин хонда будам. Масалан китобҳои Теодор Драйзер романи «Романи сегонаи орзуҳо», Ҷек Лондон «Мартин Иден», Ги де Мопассан «Дӯсти мушфиқ», Расул Ғамзатов «Доғистони ман», Нагиб Махфуз «Бачаҳои гузари мо», Василий Ян «Чингизхан», Юрий Ридхейл «Хоб дар саршавии туман», Виллиам Шекспир «Ромео ва Ҷулета», «Ҳамлет», «Қаҳрамонони замони мо»-и Лермонтов, Пушкин «Евгений Онегин», шеърҳои Анна Ахматова, Симин Беҳбаҳонӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Маликушшуаро Баҳор, Халилуллоҳ Халилӣ, Аллома Иқбол, Ҷорҷ Байрон, рубоиҳои Умари Хайём ба се забон - англисӣ, русӣ ва франсузӣ ва амсоли инҳоро аз худ кардам.
 – Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Шумо чӣ дод? 
– Аз ин озмун бардоштҳои беҳтарин дорам. Масалан, ман гумон надоштам, ки ҳамаи ин шеърҳову мазмуну сюжети асарҳо дар хотирам мемонад. Вале боварии инсон ба худаш аллакай ҳамаи монеаву тарсро дур мекунад. «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маро бовар кунонд, ки новобаста аз синну сол инсон агар дониш дошта бошад ва ба китоб рӯ орад, ба муродаш мерасад, ҳатто қуллаи баландтаринро фатҳ менамояд. Ҳамчунин ба он хулоса омадам, ки дар байни ҷавонону наврасони мо илмдӯсту китобхон кам нестанд, маҳз сухандонию китобдӯстии ҷавонон низ метавонад такондиҳандаи китобдӯстии дигарон шавад. Маҳз чунин озмунҳо заминаи мустаҳкам барои худшиносию худогоҳии насли наврас мегарданд. 
Баргузории озмуни мазкур воқеан ҳам инқилоби маданӣ ва таконест, ки дар тамаддуни миллати мо то абад бо хатти заррин сабт хоҳад гашт. Он барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибати аҳли ҷомеа, ки дар заминаи мутолиаи китоб ба даст меоянд, воқеан ҳам қобили таҳсину ҷонибдорист ва барои роҳандозии ин озмун аз Асосгузори сулваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам. 
– Ба донишҷӯён чӣ тавсия медиҳед?
– Маънии калимаи «донишҷӯ» худ бозгӯи фаъолияту амали толибилм аст, яъне ҷӯяндаи дониш. Ҳар як донишҷӯ ғайр аз он ки ихтисоси худашро хуб аз худ кунад, бояд ба адабиёти бадеӣ низ рӯ орад, зеро китобхонӣ барои инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ мусоидат мекунад. 
Гоҳо дар асарҳои бадеӣ мо вазъи иқтисодиётро низ мушоҳида мекунем. Масалан «Марги судхӯр»-и устод Айниро гирем, дар он тамоми харҷу дахли Қорӣ-ишкамба инъикос шудааст. Нависанда бевосита ба судхӯрӣ ва сарфакории аз ҳад гузаштаи қаҳрамонаш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар осори адибони ҷаҳон низ ин чиз бараъло мушоҳида мешавад. Яке аз шартҳои асосии озмун ин маҳорати хуби суханварӣ аст, ки дар натиҷаи аз худ кардан ва хондани осори назмиву насрӣ дар мутолиакунанда пайдо мешавад. Яъне хондани китоб манфиатовар аст ва шахсро аз тамоми ҷиҳат солортару пухтатар мекунад. 
– Ҳамчун ғолиб чӣ эҳсосот доред? 
– Ростӣ, намедонам ҳиссиётамро чӣ гуна баён созам. Хеле хурсандам. Дар байни ин қадар мардум муаррифӣ шудан аз ҳама сарвати дунё болотар меистад. Инсон шод мешавад, ки ягон меҳнату заҳматаш барабас нарафтааст ва подоши хуб мегирад. Ман болидаруҳам, ки маҳз тавассути дониш ва китобхонӣ ба ин мартабаҳо расидам ва аз он шукрона мекунам, кӯшиш менамоям, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз ин беҳтар баромад намоям. 
– Шуморо бо ин комёбии бузург табрику таҳният гуфта, бароятон муваффақиятҳои аз ин ҳам бузургро хоҳонем ва таманниёти мо ин аст, ки дар даври ҷумҳуриявӣ низ ғолиб гардед.
 – Саломат бошед! 


Мусоҳиб Ифтихор Юсуфов