Хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати навини тоҷикон
Таҳти чунин унвон санаи 17-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал ба ҳозирин филми мустанад дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд. Чорабиниро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зимни суханрониаш зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ буда, аз рӯзҳои аввали фаъолияташон сиёсати ҷавонпарварона пеш гирифтаанд. Баъди 72 рӯзи ба сари ҳокимият омадан Пешвои миллат аввалин вохӯриро бо ҷавонон гузарониданд.
Пасон муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, дотсент Ато Собирзода дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон ҳомии сулҳ ва ягонагии миллат» ба ҳозирин маърӯза ироа намуд. Номбурда зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳама чизро аз нав сохт. Ҳама соҳаҳоро рушду инкишоф дод. Халқи шарифи Тоҷикистон дар интихоби худ хато накард. Имрӯз хусусан соҳаи тандурустӣ бо ибтикори Пешвои миллат чунон рушд кард, ки мардум кам ба хориҷи мамлакат барои табобат мераванд. Ҳатто дар шароити вазнини пандемия мардумро ба якҷоягӣ, муттаҳидӣ ва оромӣ даъват намуданд, ки натиҷаи хуб дод.
Дар идома мудири кафедраи менеҷменти ДДМИТ Хоҷазода Давронҷон дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ» баромад карда, зикр кард ки дастовардҳои дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардаамонро дар 70 соли замони Шӯравӣ ба даст наоварда будем. Яке аз онҳо сохтмони НОБ-и Роғун аст. Ҳамчунин ташаббусҳои байналмилалии пешниҳодкардаи Президенти мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ё худ дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва пуштибонии эшон аз тоҷикони онҷо намунаи олии ҳимояти манфиатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ Давлатзода А. дар бораи давлатсолорӣ, миллатсолорӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат фикру ақидаҳояшро мухтасар ироа намуд.
Ифтихор Юсуфов