Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи назария бо амалия

Татбиқи назария бо амалия

Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳи ноябри соли равон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи мақомоти гумрук, баргузории машғулиятҳои амалӣ оид ба омӯзиши воситаҳои техникии назорати гумрукии муосир бо донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисосҳои 1-960101 – хадамоти гумрук ва 1-96010102 – таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Ин аст, ки бо иҷозати роҳбарияти донишгоҳ санаи 17 ноябри соли равон донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-96010102 – таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ таҳти роҳбарии дотсент Мираков Қ.М. ва муаллими калон Шомудинов О.Д. ба Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук воқеъ дар шаҳраки Айнии ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар гардиданд. 
Машғулиятҳо бевосита бо иштироки муовини сардори ДТИ, полковники хадамоти гумрук Кабиров С., нозири калони донишкада, лейтенанти хадамоти гумрук Туманов С. дар сатҳи касбӣ гузаронида шуданд. 
Дар ибтидо муовини сардори ДТИ, полковники хадамоти гумрук Кабиров С. донишҷӯёнро бо Донишкадаи такмили ихтисос шинос намуд. Сипас, нозири калони донишкада, лейтенанти хадамоти гумрук Туманов С. тавассути тахтаи электронӣ донишҷӯёнро бо сохт ва тарзи истифодабарии Системаи муоинавии рентгенотелевизионии Rapiscan 6ХХ XR, «Металлодетектор Metor 6M», комплекти СТ 30 («Buster» К910В, асбоби пейҷери радиатсионии намуди «Mini D», асбоби техникии намуди «Эндоскоп», асбоби муоинавии «Зеркало»), ки дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва бағоҷи онҳо, инчунин, молу воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешаванд, шинос намуд. 
Қисми дуюми дарс дар минтақаи назорати гумрукии мусофирон ва бағоҷи онҳо, минтақаи назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ, бо истифода аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ гузаронида шуд.