Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфил дар хобгоҳҳо идома дорад

Маҳфил дар хобгоҳҳо идома дорад

Тибқи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ дар санаи 10 ноябр бо донишҷӯёни хобгоҳҳои 1-ум ва 2-юми ДДМИТ маҳфилҳо баргузор гардиданд, ки он бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, раёсати тарбия роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон дар хобгоҳи 1-ум мудири кафедраи молия Давлатов Х.М., муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз Зубайдов Ҷ., Раҳимзода Ф. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Неъматуллои М. баромад намуда, аз таърихи пайдоиши пул, молия ва бонкҳо маълумотҳои хубу ҷолиб пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ маҳфил дар хобгоҳи №1 хубу хотирмон гузашт. 
Бояд қайд намуд, ки дар ин сана дар хобгоҳи №2 низ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Сардори раёсати тарбия Давлатзода А. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳасанова М.А., устодони кафедраи забони русӣ Шукрихудоев М., Ахмедов Б. ва эдвайзери тарбия дар факултети иқтисод ва бизнес Халифазода Ҷ. иштирок намуданд. Устодони кафедраи забони русӣ бахшида ба 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Ҳамзамон устоди кафедра Ахмедов Б. доир ба асарҳои Пешвои миллат бо донишҷӯён саволу ҷавоб намуда, аз таърихи гузаштагони миллати тоҷик суханронӣ намуд. Тавсияи устодон ба шогирдон ин буд, ки бештар мутолиаи асарҳои бадеиро сармашқи кори худ намоянд. Сардори раёсати тарбия низ ба донишҷӯён таклифу маслиҳатҳои хубу судманд пешниҳод намуд. Халифазода Ҷ. ба тамоми иштирокчиёни маҳфил барору комёбиҳо орзу карда, таъкид намуд, ки донишандӯзӣ инсонҳоро ба мартабаҳои баланд мерасонад. 


Раёсати илм ва инноватсия