Хабарҳо
Баррасии дарси тарбиявии муқовимат бо коррупсия
Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки ҳар як нафар метавонад натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда, болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Вобаста ба ин санаи 18-уми ноябри соли равон бо ибтикори факултети иқтисод ва бизнес ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарси тарбиявӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия бояд амали дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар бошад» баргузор гардид, ки онро декани факултет Б.Сатторов ҳусни оғоз бахшид.
Мавсуф зимни суханрониаш зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, ҷиҳати амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст. Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Сипас, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҳомидов Р. баромад намуда, қайд кард, ки дар самти муқовимат бо коррупсия як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул ва ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самаранокии маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Бояд гуфт, ки проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро он, пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид месозад.
Дар анҷоми дарси тарбиявӣ музокира ва саволу ҷавоб доир гардид, ки ҳозирин дар он фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур барои донишҷӯён ва устодон аз манфиат холӣ набуда, маърифати мадании онҳоро баланд мебардорад.
Ифтихор Юсуфов