Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон

Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, макотиби олии кишвар бо як қатор давлатҳову ташкилотҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аз рӯйи грант -лоиҳаҳо кор мекунанд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ якчанд грант–лоиҳаҳо амал карда истодаанд. Яке аз онҳо лоиҳаи грантии “Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон дар асоси баланд бардоштани сифати таълим ва зисти онҳо дар хобгоҳи муассисаи олӣ” мебошад, ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ва саҳми муайяни худи донишгоҳ маблағгузорӣ карда шуд. Лоиҳа тибқи шартномаи грантӣ моҳи сентябри соли 2019 шуруъ гардида, 30-юми сентябри соли 2020 хотима ёфт. 
Санаи 18-уми ноябр натиҷаи лоиҳа ба намоиш гузошта шуд, ки бо иштироки ҳайати корӣ аз устодон тариқи воситаҳои ахбори омма расонаӣ карда шуд. 
Мақсади асосии лоиҳа ин рушди тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон бо роҳи баланд бардоштан ва инкишоф додани дониш ва таҷрибаи соҳибкории онҳо, васеъ кардани имконият барои шуғл дар бозори меҳнат, ҳамчунин баланд бардоштани одобу тартиби оиладорӣ ва нақши зан дар ҷомеа мебошад. Тибқи нақшаи лоиҳа дар хобгоҳи рақами 2-и Донишгоҳ маркази таълимии иттилоотӣ барои баргузориии тренингҳо ташкил ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дарзмол, тафдон, компютерҳо ва амсоли ин, ки барои иштирокчиён бобати баланд бардоштани маърифати рӯзғордорӣ харидорӣ ва таъмин карда шуданд. Тренингҳои гузаронидашуда се модулро дар бар мегиранд: Модули 1. "Ташаккули малакаҳои тафаккури соҳибкорӣ дар байни донишҷӯдухтарон; Модули 2. "Таълим дар заминаи саводнокии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои худӣ ва кредитӣ"; Модули 3. "Таҳкими идоракунии иқтидори соҳибкории занон". Дар охир аз тарафи ҳайати корӣ ва кортаъминкунандагон дар доираи 20 адад бизнес-лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯдухтарон ду лоиҳа интихоб карда шуд. Бизнес–идеяи “Духтарон барои соҳибкории истеҳсолоти ватанӣ”- коркарди бизнес-идеяи донишҷӯи курси 1-и хадамоти гумрук Муҳидинова Аниса таҳти роҳбарии н.и.и.,дотсент Маъдиев С ва “Водии Рашт- имкониятҳо ва мушкилоти рушди соҳибкории духтарон”–и донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-25010407 Турсунова Мунаввара бо роҳбарии мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Сайфиддинов Ф. аз тарафи ҳайати корӣ беҳтарин муррифӣ гардиданд. 
Қобили қайд аст, ки татбиқи ин лоиҳа устувор буда, фаъолияти худро идома дода истодааст. 


Маъдиев С., ҳамоҳангсози лоиҳа