Хабарҳо
Нақши муносибатҳои дипломатӣ дар рушди иқтисоди миллӣ
Санаи 20-уми ноябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз АМИТ ва Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои ҶТ баргузор гардид.
Чорабиниро Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм кушода, қайд намуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Яке аз ин пешниҳодҳо таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистони ҳамсоя аст, ки аз тарафи аксари мамолики дунё пазируфта шуд ва он аз дипломатияи таҳаммулпазирии Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Сипас, мутахассиси Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Фирӯз дар бораи мавзуи болозикр андешаҳояшро иброз намуда, афзуд, ки кишвари мо бо эълони сиёсати «дарҳои боз» бори дигар нишон дод, ки бо авлавияти сулҳхоҳона ва беғараз будани хеш омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики фаромиқёси ҷаҳон равобити дӯстона дошта бошад ва эҳтироми манфиатҳои тарафайнро дар асоси баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд равнақ бахшад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати дарҳои бозро эътироф мекунанду қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеи худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фаъолона иштирок намояд.
Баъдан, н.и.т., муовини директор оид ба илми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Академики миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Азимҷон баромад карда, дар бораи дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ, тавассути ин дипломатияи дурусту устувор Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳонӣ шиносонидани Роҳбари давлат истода гузашт. Мавсуф, аз ҷумла қайд намуд, ки дар солҳои 2020-2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду созмони байналмилалӣ раисӣ дошт, ки ин барои густариши ҳамгироиҳои судманди минтақавӣ замина мегузорад. Махсусан, дар давраи пандемияи коронавирус ин ҳамгироӣ бештар эҳсос гардид ва аъзоёни СҲШ якдигарро дастгирӣ намуданд. Дар баробари ин, тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ василаи муҳимтарини рушди ҳамкорӣ дар зимни ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъмини амнияту субот донист.
Машҳура Абдуллоева