Хабарҳо
Ғолибияти Муҳаммадфирӯз дар «Илм-фурӯғи маърифат»
Имсол барои донишгоҳ соли бобарор ва пурфайз омад, зеро пайи ҳам навиди дастовардҳо дар тамоми сатҳҳо падид меоянд, хоссатан дар самти илм. Ин дафъа хабари хуши ғолибияти магистранти курси якуми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Математика» кулли омӯзгорону донишҷӯёнро хушнуд гардонид. Муҳаммадфирӯз Ҳасанов сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳамаи мост.
Ин дастоварди беназири илмиро аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ҳамчун таҳаввулоти илмию маърифатӣ медонанд ва ба шогирди номбардор ва устоди ӯ Ғафуров Парвиз, н.и.и., мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии донишгоҳ аҳсант мехонанд. Гуфтан мумкин аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» чеҳраҳои навро дар арсаи илму маориф ва навовариву ихтироъкорӣ кашф намуд, ки яке аз онҳо дастпарвари мо - Муҳаммадфирӯз Ҳасанов мебошад.
Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҷараён гирифт ва баргузории он рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад. Дар даври ҷумҳуриявии ин озмун беш аз 320 нафар довталаб аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад.
Дарвоқеъ, тайи даҳсолаи охир мо эҳсос менамоем, ки дар кишвари азизамон барои боло бурдани тафаккури техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд ва роҳандозии озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» низ аз ҷумлаи онҳост.
Мо Муҳаммадфирӯз Ҳасановро бо ин пирӯзии беназир муборакбод намуда, ба он кас фатҳи қуллаҳои баландтаринро таманно мекунем ва итминони комил дорем, ки дар донишгоҳамон сол ба сол сафи чунин донишҷӯёни ҷӯяндаву донишманд афзун ва музаффариятҳо низ дар ин самт зиёд мешаванд, зеро барои он замина, кӯшиш, завқу рағбат ва аз ҳама асос - дониш дорем.
Машҳура Абдуллоева