Хабарҳо
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун шакли ҷалби сармояи хориҷӣ
Ҳар як давлати соҳибистиқлол ба равобити иқтисоди хориҷӣ ниёз дорад, зеро онҳо ҳам зарур ва ҳам муфид мебошанд ва дар шаклҳои гуногун сурат мегиранд. Як самти муҳими ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, ки имрӯз вирди забони иқтисодшиносон, соҳибкорон ва сиёсатмадорон гардидааст – тарҳи (ташкили) минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) мебошад. Ба ақидаи муассисони МОИ таъсиси онҳо аломати ҷорӣ намудани принсипи иқтисоди озод буда, низоми гумрукӣ, андозситонӣ ва сармоядорӣ дар он барои равнақу ривоҷи сармоягузории (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Бахшида ба ҳамин мавзуъ санаи 22-юми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун шакли ҷалби сармояи хориҷӣ» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён гузаронида шуд.
Маҳфилро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Давлатшоева З. ҳусни оғоз бахшид ва зимни суханрониаш зикр кард, ки МОИ - қисмати маҳдуди фазои иқтисодии кишварест, ки дар ҳудуди он низоми махсуси хоҷагидорӣ амал мекунад ва барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба корхонаҳо имтиёзҳои васеъ дар бахши андозситонӣ ва ҳаракати озоди сармояю қувваи корӣ таъмин мегардад.
Пасон ассистенти ҳамин кафедра Шералиев Ҷ. дар ҳамин мавзуъ маърӯза кард. Номбурда паҳлуҳои гуногуни минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамчун шакли ҷалби сармояи хориҷӣ ба риштаи таҳлил кашида, гуфтаҳояшро бо слайдҳо тақвият бахшид.
Баъдан донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-25010300 Ҷумахони С. ва Сатторзода Н. дар мавзуъҳои «Мафҳум, моҳият ва пайдоиши МОИ» ва «МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон макони сармоягузориҳои устувор» маърузаҳо намуданд. Маърузаҳои зикршуда фарогири ҷалби сармояҳои хориҷӣ баҳри пешрафти иқтисоди Тоҷикистон ва баромади таърихии ин истилоҳи иқтисодӣ буда, маърӯзачиён хеле хуб баромад карданд.
Дар охир саволу ҷавоб ва ҷамъбасти маҳфил сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён фаъолона иштирок карданд. Маҳфил ҷолибу хотирмон гузашт.
Юсуфов Ифтихор