Хабарҳо
Саҳми қарзи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ
Рушди иқтисодиёт ва ҷалби бештари сармоя таъмини низоми воридотиву содиротиро талаб мекунад. Яъне ин ё он кишвар бояд аз шароит ва иқлими минтақа истифода бурда, маҳсулотро ба давлатҳои хориҷа содирот кунад. Дар натиҷа ба рушди бемайлони иқтисодӣ расидан мумкин аст. Хусусан дар шароити Тоҷикистон, ки соҳибкорон ва кишоварзон метавонанд тариқи қарзҳои имтиёзнок ин соҳаро тараққӣ диҳанд. Вобаста ба ин мавзуъ санаи 22-юми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзуи «Қарзи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат» баргузор гардид. Семинарро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Давлатшоева З. ҳусни оғоз бахшид ва мавсуф зимни сухарониаш зикр кард, ки соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мо нақши муҳимеро мебозад. Чунки бештари ғизои моро маҳсулоти ғалладонагӣ ташкил мекунад ва дар шароити гузаштан аз низоми аграрӣ ба агросаноатӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад, рушди ин соҳа ба нафъи истеҳсолоту иқтисодиёт аст.
Пасон ассистенти кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Хоҷахонова Г. оид ба мавзуи болозикр маърӯза ироа намуд. Номбурда қайд кард, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат барои деҳқонону кишоварзони мамлакат як қатор сабукиҳо барои гирифтани қарз дода шудааст ва хуб мешуд, ки фоизи қарз дар баробари гирифтани ҳосил муайян мешуд. Чунки дар аксар давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Туркия чунин аст. Мо бояд таҷрибаи онҳоро ба фоидаи худ истифода барем. Ҳамчунин ташкил кардани ассотсиатсияи хурди қарзӣ барои кишоварзон дар ҷамоати деҳот ва ба манзили зисти онҳо наздик аз манфиат холӣ нест.
Дар охир суолу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Ифтихор Юсуфӣ