ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
МУҚАДДИМА
Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он - забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст.
Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад.
Дар навбати худ, шароити ташаккул ва тавсеаи миллат, дар доираи давлат, ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии пойтахти мамлакат алоқамандӣ дорад.
Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳс манзалати сиёсии пойтахти давлат дар ҷаҳорчӯбаи истиқлоли миллат мебошад.
ПОЙТАХТ
Агар миллат, қаламрави муайян, ташкилоти сиёсӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлату ҳукумат ҳамчун нишонаҳои аслии давлатдорӣ маҳсуб гарданд, аз лиҳози муҳиммияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дефинитсияи пойтахти мамлакат низ дар ҳамин мавқеъ қарор дорад.
Аз нигоҳи арзишмандӣ пойтахти давлатро ҳамчун рӯҳ, дил, марказ, қутбнамо, муҷассамаи хиради давлатдорӣ, тақдирсоз ва ба ин монанд сифатҳо тавсиф мекунанд.
Зимни корбурди истилоҳоти расмии сиёсӣ, ҳам дар нутқи шифоҳӣ ва ҳам услуби хаттӣ, пойтахти давлат ҳамвазн ё дар баробари номи кишвар ифода мегардад. Ба он мансубият дода, масъулиятшиносӣ карда мешавад. Чунин тавсиф аз воқеият сарчашма мегирад, зеро дар пойтахт муассисаҳои калидии сиёсии давлат – рукнҳои асосии ҳукумати мамлакат ҷойгир мешаванд ва албатта, идоракунии давлат аз марказ, аз пойтахти он сурат мегирад.
Принсипи муназзами хосияти давлатдорӣ аз системаҳои мураккабтарини ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала ҳанӯз аз замони бостон ҳамчун мавзӯи таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Ва илм ҳамон ҷузъиётро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳад, ки маҳз тавассути он худи система ба низом медарояд. Муташаккил мегардад. Таъйиноти худро таъмин мекунад.
Пойтахти мамлакат ҳам аз ҷанбаи сирф илмӣ-назариявӣ ва ҳам сиёсӣ-амалӣ асоситарин пояи сохтории давлатдорӣ мебошад. Панҷ нишонаи асосии давлат, ки номбар карда шуданд, дар алоқамандӣ, ҳамбастагӣ, вобастагӣ ва ҳамзамон мустақилияти нисбӣ бо якдигар қарор доранд. Пойтахт муҳимтарин қисмати ҳаёти рӯзмарраи мамлакат - ҷузъи ин система мебошад. Тавре хотирнишон гардид, мафҳуми пойтахт бо мафҳуми давлат тавъам мебошад. Воқеан, «Полиси (дар Рими Қадим ва Юнони Қадим шаҳр – давлатҳо – С.Я.) идеалӣ – дар навбати аввал намунаи давлати комилро мемонад» (В.А. Гуторов. Политика между утопией и реальностью. −М., 2020. −С. 55).
Миллат ба пойтахти кишвар менигарад. Ба он умед мебандад. Тақдири худ, фарзандон, хешовандон, дӯстон, наздикон, ҳамдиёрони хешро бо имрӯзу ояндаи давлат ва давлатдорӣ дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва мансубият медонад. Ба ҳамин хотир, ҳар фарди соҳибватан, сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаву канори мамлакат ё берун аз он ба сар мебарад, шуғл ва мақоми иҷтимоӣ дорад, бо ёдоварии падару модар, хоҳару бародар дар умқи дили худ Тоҷикистон, ҳамзамон бо ин, пойтахти кишварро пеши назар меорад. Ба он эҳтиром мегузорад.
Насли ҷавон зинаи аслии ташаккули маърифатӣ ва касбии худро дар пойтахт орзу ва тасаввур мекунад. Ва бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони миллӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд. Кишварро рушду нумӯъ бахшидаанд. Ва ҳоло онро сарварӣ мекунанд.
Мардум ба хубӣ мефаҳманд, самтгирии сиёсӣ, тарҳрезӣ ва роҳандозии нақшаҳои хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоии давлат, муайян кардани барномаву мундариҷаи рушди илм, маориф, фарҳанг, маънавиёти имрӯза ва ояндаи миллат мансуб ба пойтахти мамлакат мебошад. Мутмаин аст, ҳар иқдоме, ки аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, ташаббуси давлатмардонест, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро маҳз ба онҳо бовар кардааст. Ҳуқуқи ҳокимият карданро ба амонат супоридааст.
Сокинони мамлакат раванди тараққиёти миллиро бодиққат меомӯзанд. Онро бо давраҳои гуногуни таърихӣ дар муқоиса мегузоранд. Арзёбӣ ва хулосабарорӣ менамоянд. Ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ин маънӣ, то замоне ки пойтахт маркази эътимоду эҳтироми миллат аст, халқ аҳл ва кор дар мамлакат саҳл аст. Ҳукумати пойтахт чунин масъулияти бузургро дарк мекунад. Дар ин самт шабонарӯзӣ заҳмат мекашад.
Дар ҳама давру замон пойтахт нисбат ба вазъи кулли мамлакат хизмати оинаро иҷро менамояд. Байни ҳукумати кишвар ва халқ шароит ва пайванди ногусастанӣ эҷод мекунад. Дили омма ба ҳукумати марказӣ тавассути вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва амниятии пойтахт гарм мешавад. Дар қатори дигар омилҳо, авзои пойтахт набзи мамлакатро муайян ва мардуми кишварро хотирҷамъ мекунад. Барои ҳамин, шаҳри Душанбе дар назди наслҳои имрӯза ва оянда масъулияти бузурги таърихӣ дорад.
ПОЙТАХТ ВА ФАРҲАНГИ СИЁСӢ
Барҷастатарин аломати оромии миллат рушди иқтисодӣ ва амнияти давлат аст. Пойтахти мамлакат зербино ва таҷассумгари суботи кишвар маҳсуб мегардад. Маҳаки баҳогузорӣ ба осудагии мамлакатро низ, инсоният аз рӯи вазъу шароити ҳаёти пойтахти давлат муайян кардааст. Сарзамин наметавонад орому осуда бошад, агар амнияти марказе, ки аз он идора мешавад, зери суол қарор бигирад. Аз ин ҷиҳат, таъкид мебояд кард, ки сиёсатмадорони бузург асолати давлатдориро ба пойтахти он марбут донистаанд. Сухани машҳури Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори давлати миллии тоҷикон «то вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б. Ғафуров. Тоҷикон. – Душанбе, 1998. – С. 453) гувоҳ ва тасдиқи ин гуфтаҳост. Ҳамчунон, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон аҳамияти пойтахти мамлакат борҳо, гаштаву баргашта таъкид гаштааст.
Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қасидаи машҳураш бо номи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», ки ҳамагӣ панҷ байти он ба мо расидааст, мантиқу мақсади сиёсии пойтахти давлатро бо забони назм устодона ба қалам додааст. Дар тӯли таърихи ҳазорсола дар тафсири ин шеър даҳҳо асару мақолаҳо иншо шудаанд. Муҳтавои васф, истифодаи вожаи Бухоро - таҷассумгари давлати Сомониён, меҳвари давлатдорӣ, макони муқаддас ва зимомдорӣ барои таъмини якпорчагии сарзамин ва амнияту осоиши қаламрави кишвар мебошад. Дар чанд байти мухтасар, ки қиматтар аз як асари тамом аст, муҳиммияти манзалат ва муносибати сарвари кишвар ба тақдири давлат ва давлатдорӣ низ ифода ёфтааст.
Шоири тавоно дар шароити муайяни таърихӣ, бо истифода аз сеҳри каломи бадеъ - «маъниҳои олӣ ва бикр дар ниҳояти дилкашӣ бо роҳи тасвироти бадеию саноеи адабӣ» (Т. Зеҳнӣ) дидгоҳи хешро оид ба мақому манзалати пойтахти мамлакат ва ҳамчунон, нақши ниҳоят муҳимми раҳбарии мустақимро дар он инъикос кардааст.
Ҳамчун «суварнигори ҳадис», ки «дар он ҷон тавонист ниҳодан» (Ҳоқонии Шервонӣ) вазифаи муқаддаси ватандориашро анҷом додааст. Ба миллат, ба мардум, ба сиёсатмадорон мантиқи абадии тарзи муносибат ба Ватан ва пойтахти онро бо маъниҳои шоиставу барҷаста тафсир намудааст:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омую дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат меҳмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Дар баробари ифтихор намудан, таърих иштибоҳот, сабаб ва оқибатҳои раҳбарии фоҷиаанҷоми ин сулолаи дар аввал, воқеан, бунёдгузори давлати тоҷиконро фаромӯш карда наметавонад. Ҳамарӯза меомӯзад. Аз он сабақ мегирад.
Тавре хотирнишон гардид, пайдошавии пойтахти мамлакат шароити муайяни таърихӣ-сиёсиро тақозо мекунад. Ва бар дӯши он бузургтарин вазифаҳои давлатдорӣ вогузор карда мешаванд. Умдатарини онҳо фаъолият ё мудирияти сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, илмӣ-фарҳангӣ маънавӣ, маърифатӣ, рӯҳиву равонӣ, амниятӣ ва ҳарбӣ мебошанд.
Ҳар нафаре, ки чашми бино, ақли расо ва назари ҳақбин дорад, шоҳиди он аст, ки дар се – чор соли ахир симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир пазируфт. Барои мардум ҷойҳои корӣ ва манзилҳои шоистаи истиқомат, боғу гулгаштҳо, мавзеъҳои беҳтарини истироҳат, марказҳои омӯзиши илм, фарҳанг, донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ муҳайё гардиданд.
ПОЙТАХТ ВА АМНИЯТ
Масъулияти умдаи давлатдорӣ - таъмини оромӣ ва осудагии тамоми мамлакат, аз ҷумла маркази кишвар мебошад. Ангеза ва шароити асосии он, услуби кори муназзам ва мақсадноки самтҳои асосии фаъолияти маъмурии пойтахт маҳсуб мегардад.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997), гарчанде барои таскини дил онро «таҳмилӣ» меномем, дар асл решаҳо ва барангезандагони амиқи дохилӣ дошт. «Таҳмилӣ» вожаи бамавқеъ ва дуруст аст. Аммо чунин ҳолат вақте сар мезанад, ки омилҳои дохилӣ бо нақша, мақсад ва мароми душманони мардуми тоҷик - бозигарони геополитикӣ (ба мисли дигар кишварҳои мусулмоннишини сӯхтаву рехта) мувофиқ меояд.
Агар мардум хештаншинос бошад, манфиати давлати миллии хешро аз дунё авлотар дарёбад, якдилу яктану якмаром бошад, ояндаи фоҷиабори парокандагиро дарк намояд, ба қадри истиқлол ва якпорчагии сарзамини худ расад, хурофотзадагиву хомиву содадилиро паси сар карда тавонад, ба оромиву осудагии мамлакат ҳаргиз осеб нахоҳад расид.
Ташаббускорони аслӣ ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи бадбахтиҳои солҳои навадум дар пойтахти мамлакат, ноҳияҳои атроф ва қисмати гӯшбафармони музофотии он буданд.
Омилону саркардагони ин ҳолати даҳшатбор ва нанговар гурӯҳҳои ҷоҳталаб, тафриқаандозони касбӣ, фурӯхташудагони миллат, душманони сохти конститутсионӣ (хонда шавад давлати миллии тоҷикон) на ба хотири ислом, балки бо мақсади мансабталошӣ динро пеш оварданд. Аз рӯҳу равони эътиқодии мардум хиёнаткорона суиистифода карданд. Одамони нодонро ба гумроҳӣ кашиданд. Ба ду - се рӯз ҳокимиятро дар пойтахт ба даст оварданд. Бад-ин минвол, даъвою иштиёқи сарварӣ бар мамлакат ва миллатро намуданд. Оқибатҳои фоҷиабори хостаҳои онҳо ҷуброннопазиранд. Бозгардонии тақдири инсонҳо - ҳазорҳо оилаҳои фарзандгумкарда, падару писарталафдода ғайриимкон аст.
Бояд иқрор шуд, ки дар ҳама давру замон таҳдидҳо, пеш аз ҳама, ба пойтахти давлат нигаронида шудаанд. Ба ҳамин хотир, дар бисёре аз чунин шаҳрҳо тартиби махсуси ворид шудан, зиндагӣ ва кору фаъолият кардан ҷорӣ карда мешавад. Чунин иқдомот барои танҳо як шаҳр нест. Ба хотири амни миллат ва давлат аст. Қонунгузор ва тасмимгир ҳамин қисмати ҳаётан муҳимми давлатдорӣ - субот ва амнияти умумро ба эътибор гирифтааст.
Сарфи назар аз қонунҳои нонавиштаи таърихи миллатҳо, усулан, намояндагони пешрафта ва шоистаи ҷомеа имконоти дар пойтахт зиндагӣ кардан доштанд. Беҳтарин хатмкардаи мактаб ба донишгоҳи пойтахт роҳ меёфт. Мунтахаби онҳо дар муассисаҳои илмӣ ва илмӣ – таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ба кор ҷалб мегардиданд. Мутахассисони озмуда аз музофот ба пойтахт роҳхат мегирифтанд. Ба тарзи дигар, маҳз пойтахт таҷаммӯи қувваҳои солим ва пешрафтаи ҷомеаро таъмин мекард. Ва пойтахтнишин кулли мамлакатро намуна буд.
Дар шароити истиқлоли давлатӣ соҳибтамаддун будани миллати тоҷик ҳоло аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ва минбарҳои бузурги байналмилалӣ садо медиҳад. Ин воқеият бар дӯши сокинони пойтахт ва тамоми мамлакат масъулияти бузург мегузорад.
Таъкиди ин нукта зарур аст, ки моҳияти ҳама гуна ҷузъиёти олам, аз ҷумла, ҷомеа дар умум ва ҳар инсон дар алоҳидагӣ, дар зоҳири он ифода мегардад. Дар баъзе мавридҳо такрори симо ва тарзи либоспӯшии номатлуб, ки беш аз ҳама дар пойтахти мамлакат ба чашм мерасад, метавонад тасаввуроти кишварҳои мутаассиб, ақибмонда ва хурофотии Шарқро ба хотир биёрад. Давлати миллӣ, асолати миллӣ ва ҳомии тамаддуни бостонии ориёӣ будани мардуми тоҷикро зери суол барад. Тараққиёти босуръат ва дастовардҳои бесобиқаи пойтахти мамлакатро камранг созад.
Яке аз олимони тавонои асри XIX-и Аврупо, ки ӯро рақибони ашаддиаш ҳам аз бузургтарин донишмандони ҷомеашиноси олам унвон кардаанд, менависад: «Моҳияти инсон падидаи мавҳум, номуайяне нест, ки мансуби як фарди алоҳида бошад. Дар умум ин воқеият – маҷмӯи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад» (Составитель С.Х. Карин. «Мысли и изречения». Алма-Ата, –1964. –С. 74). Мушт намунаи хирвор аст. Кулл аз қисмҳо иборат аст, ҷузъ қисми кулл мебошад. Як нафар ҳам нишона аз ҷомеаест, ки дар он зиндагӣ мекунад, кору фаъолият дорад.
Худи муносибатҳои ҷамъиятӣ барандаи хосияти ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ мебошанд.
Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, роҳ, коммуникатсия, инфрасохтори мактаб, маориф, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ба пояе расид, ки дар замони гузашта ҳеҷ гоҳ чунин манзалат надошт ва дошта ҳам наметавонист.
Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки қонунмандии хосияти муайянкунандагӣ доштани воқеияти ҳастӣ, нисбат ба вазъ, муҳтаво, сохтор ва шуури ҷамъиятӣ (вазъияти рӯҳӣ ва равонии омма) назарияи мутлақ нест.
Мутобиқат кардани маънавиёт, вазъи ҷаҳонбинӣ ба ҳолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ худ ба худ, ба тарзи механикӣ ба вуҷуд намеояд. Ин ҷараён мушкилоти ҷиддӣ дорад. Омилҳои асосӣ - баробарвазн набудани чораҳои пешбинишудаи маърифатӣ, фаҳмондадиҳӣ аз сатҳи оила, дар таносуб бо кӯшишҳои душманони сохти давлатдории миллӣ ва пуштибонони мустақими онҳо - бозигарони геополитикӣ мебошад. Дар ин маврид, мафкурасозии геополитикӣ бо потенсиали пулӣ, молӣ, имконоти зиёди дурӯғпартоӣ, иғвоандозӣ ва вайронкорӣ талош мекунанд «бартарияти маънавӣ»-и худро бар ҷаҳонбинии ояндасози миллӣ ба намоиш гузоранд. Онро дар зеҳният ва тафаккури содадилон ҷой кунанд. Кишварҳое ҳастанд, ки бо ҳазор лафз гап мезананд. Аммо, дар асл ва моҳиятан, ҳимоятгар ва сафедкунандаи бадӣ мебошанд. Хушбахтона, мо онҳоро мешиносем. Роҳ, усул, восита ва методҳои кории онҳоро нағз медонем. Қувваи мо дар ҳамин аст. Онҳо низ инро дарк мекунанд. Аммо зарур аст, ки мардум, махсусан, ҷавонон тавони шинохти чунин давлат, чунин ташкилот, чунин афрод ва чунин нақшаҳои ғаразноки онҳоро дошта бошанд.
Ҳодисаҳое, ки боиси суқути Афғонистон шуданд, фоҷиаҳое, ки кишварро ба нуқтаи авҷ ва охирини бадбахтии инсонӣ расониданд, ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ набуданд.
Табаддулоти низомӣ ва вазъи сиёсии ин кишвар дар мактабу мадрасаҳо, назди мударрисони кунҷакӣ ва расмии дохилу хориҷи кишвар, тавассути омӯзиш, парвариш, яъне мафкурасозии мақсаднок роҳандозӣ гардиданд.
Шикасти бузурги давлат ва парешонии миллати афғон нақшаи бузурги геополитикӣ буд. Коркард ва зина ба зина амалӣ шуд. Ва натиҷаи ахири он баъди чилу чор сол омода ва барои минтақа, ба мардуми мусулмон, ба олам ҳамчун «туҳфаи тамаддунӣ»-и Ғарб пешниҳод гардид. Охириҳо муайян карданд, ки аввалиҳо чӣ гуна ва дар кадом пояи фарҳангӣ умр ба сар баранд. Чӣ зоҳиру ботин дошта бошанд. Муносибат ва вусъати маънавиёти инсонии пайравони ислом ба илму маърифат ва маданияти садаи бисту як дар кадом поя қарор бигирад.
Нисбат ба кишварҳои мусулмоннишин ин нақша аввалин набошад ҳам, охирин нест.
Магар роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон вуҷуд дорад?
Шояд бошад. Аммо он ниҳоят сангин, тӯлонӣ ва фоҷиабор хоҳад буд. Сабаб чист? Омили аслӣ - мафкура ва ҷаҳонбинии таҳмилии тибқи нақшаҳои геополитикӣ сохташуда аст. Таассубу хурофот ба сиёсат омезиш ёфта, андешаи аксариятро фаро гирифт. Равшанфикрҳо, миллатдӯстҳо, маорифпарварони танбал, тарсу, дурӯя, беҳавсала, ҳукуматдорони ғайриҳирфаии балегӯи бидуни иродаи амал дар ақаллият монданд. Акнун «Хоҷа дар банд, бандӣ озод». Мулк валангор. Миллат ҳақиру зор. Зиёӣ дар фирор.
Таҷрибаи рӯзгори сиёсии кишварҳои мусулмоннишин нишон медиҳад: агар дар ҷомеа ихтилофи шадиди ақидатӣ сар занад ва ҷаҳонбиниҳо ба манфиати сохти давлатдории миллӣ ҳаллу фасл нашаванд, ин раванд оқибат бо низои мусаллаҳонаву хунбор анҷом меёбад.
Бозигарони тақдири афғонҳо даҳсолаҳои ахир эътиқодот, боварӣ ва ҷаҳонбинии аксари мардумро зина ба зина тавре шакл доданд ва хурофотро ба ҳадде расониданд, ки ҷавонон таърих, ҳувият ва мансубияти миллии худро фаромӯш карданд ё ҳадди ақал ба дараҷае расиданд, ки ин арзишҳоро чизҳои ғайримуҳим шуморанд. Саранҷом, зери шиори «ҷиҳод» бархостанд. Кушторҳои дар таърихи инсоният камназири миллати худро ба намоиш гузоштанд. Садҳо ва ҳазорҳо хонаву дар, мактабу мадрасаро оташ заданд. Пулу ҷода ва корхонаҳоро хароб карданд. Ниҳоят ба мақсади худ расиданд. Бар Ватани валангор ва мулки «шаҳидбор» салтанат пайдо намуданд. Айнан, такрори манзараи солҳои навадуми Тоҷикистон.
Нависандаи машҳури фаронсавӣ менависад: «Замонҳои хурофотпарастии шадид ҳама вақт замонҳои содир кардани ваҳшонитарин ҷиноятҳо буданд. Хурофот одамонро аблаҳ мекунад... Аммо афроди хурофотӣ ба ҳама аъмоли беақлонаи худ, агар тафсир наёбанд ҳам, рафтори хешро сафед карданӣ мешаванд» (Мысли Вольтера. Спб, 1904).
Бузургтарин нишонаи истиқлоли давлатӣ - истиқлоли зеҳнӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Бидуни чунин сифатҳо истиқлоли миллӣ, ки натиҷаи ҷоннисориҳои ҳазорсолаи фарзандони равшанфикр, боғайрат ва бонангу номуси миллат аст, пойдор нахоҳад монд.
Решаи чунин рӯҳ барои мардуми тоҷик таърихи шашҳазорсолаи миллат аст. Дигар эътиқоду боварҳо бо ҷузъиёташон бояд ба муқаддасоти миллӣ хидматгузор бошанд. Онро таҳким бахшанд. Ва ҳар вақте чунин пайванди ҳаётбахш сарфи назар гардад, хосият ва ҷаҳонбинии бегона қисмати фаъоли ҷомеаро фарогир шавад, мардум ба бозичаи дасти аҷнабиён табдил меёбанд. Давлат ва миллатро тақдири ногузири нобудӣ, суқут ва парокандагӣ интизор хоҳад буд. Афғонистон зуҳуроти равшани ҳамин моҳият аст.
Таҳлили ҳодисаҳои ин кишвар гаштаву баргашта нишон медиҳад: бо вуҷуди аз бузургтарин фоҷиаҳои инсонӣ, дар сиёсати геополитикии абарқудратҳо ва баъзе ба ном қудратҳои минтақавӣ ишорае ба дарк, хулоса ва тағйироти мусбат дар муносибат бо кишварҳои мусулмоннишин дида намешавад. Ҳушёр бояд буд. Бозигарони сарнавишти инсонӣ бо истифода аз шиорҳои авомфиребонаи исломи сиёсӣ шабонарӯзӣ ба по истодаанд. Ҳадафи асливу асосии онҳо ҷавонони содаи раҳгумзадаи мусулмонанд. Зери тафсир ва пӯшиши шиорҳои динӣ кӯшиши сафед кардани аъмоли ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористиро доранд. Нақшаҳои таҳти ҳама гуна шиор, даъват ва ваъдаҳои бардурӯғ кардашударо бо чашми маърифат бояд шинохт. Фош сохт. Безарар гардонид. Роҳи дигари таъмин намудани суботи давлат, оромии мардум ва нигоҳ доштани он вуҷуд надорад.
Муҳтаво, сабаб ва оқибатҳои чунин вазъияти таҳдидборро фақат илм, дониш, мактаб, маориф ва зиёиёни воқеан миллӣ метавонанд дарк кунанд. Ба омма, ба мардум, ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Миллат бе масъулияти шинохти манфиатҳои миллӣ, бе иваз кардани ҷаҳонбинии хурофотӣ ба ҷаҳонбинии миллӣ ва давлатмеҳвар тақдир ва рӯзгори нек нахоҳад дошт.
ИДЕЯИ МИЛЛӢ ВА ПОЙТАХТ
Дар боби 1, моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати «соҳибистиқлол»-ии давлат дар байни шаш принсипи сохти давлатдорӣ, аз нигоҳи муҳиммият, дар мадди аввал номбар ва таъкид карда шудааст.
Таъйиди сохти сиёсӣ эъломияи бузурги шакли давлатдории тоҷикон мебошад.
На танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми давлатҳои мутараққии дунё сохти конститутсионӣ ҳамчун далели ҳуқуқӣ, дар айни замон, муҳтаво ва мундариҷаи бузурги ормонӣ, идеявӣ ва идеологӣ дорад. Дар баробари арзиши ҳуқуқӣ ҳаракати абадӣ ва беохири миллатҳоро барои расидан ба умқи ин орзуву омолҳо ифода мекунад. Ҷавҳари аслии Конститутсия - эълон кардани Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ мебошад.
Таҳлили таҷрибаи таърихи сиёсии давлатҳо асрҳои аср нишонгари он аст, ки ҳаққи давлатдорӣ кардан мансуб ба миллатҳо, аз номи миллатҳо ба хотири рушд ва рифоҳи миллатҳо, бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ аст. Ин ҳарими муқаддас ва дахлнопазир замонати амнияти миллатҳост. Мардум, ки қувваи аслии ҳаракатдиҳандаи ҷараёни миллӣ – озодихоҳианд, ба хотири ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳои таърихӣ, ҳувият ва урфу одати миллӣ мубориза мебаранд, сазовори чунин имконоти шоистаи зиндагӣ ба хотири суботи миллӣ ҳастанд. Агар ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, дидгоҳ ва рӯҳи мардум бар рӯи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ асос наёфта бошад, Истиқлоли давлатӣ, ғайр аз эъломияи холӣ, зуҳуроти пойдор ва дарозмуддате нест ва буда ҳам наметавонад.
Дигар шаклҳои ҷаҳонбинӣ ва маънавиёт набояд аз ҷаҳонбиние, ки аз ҷавҳари миллат – таърих, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат, ифтихороти миллӣ бархостааст ва давлат дар асоси чунин арзишҳо таъсис ёфта, худро ба олам муаррифӣ кардааст, суиистифода кунанд. Зербинои миллат, субот ва пойдории онро зери суол баранд.
Мусаллам аст, ки дар ҷомеа ҳама гуна шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳизбӣ, синфӣ, динӣ, гурӯҳӣ, ҳатто геополитикӣ ҳам ҳаққи мавҷудиятро доранд. Аммо сирф дар ҷаҳорчӯбаи манфиатҳои миллӣ. Зеро ҷаҳонбинии миллӣ офтоби ҳаётбахши миллат аст.
Барои илми давлатшиносӣ, яъне таълимот дар бораи шинохти давлат чунин ақида нав нест. Асосгузори он рӯҳонии миллатдӯст, донишманд ва равшанфикри олмонӣ Мартин Лютер (асри XVI) мебошад. Ӯ дар натиҷаи таҳлили таҷрибаи рӯзгори мардумони Ғарб, аз ҷумла, таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати хеш, ба хулосае омадааст, ки бузургтарин неъмат барои халқ истиқлоли миллӣ аст. Вале нуктаи муҳимтарин ин аст, ки чунин мақомро танҳо тавассути истиқлоли зеҳнӣ таъмин кардан имкон дорад. То миллат аз рӯҳияи ғуломӣ озод набошад, вобаста ва идорашавандаи бегонагон хоҳад буд. Оқибатҳои фоҷиабори он ба дӯши халқ, аз насл ба насл хоҳад гузашт. Вобаста ба ин рӯҳонии соҳибандеша мардонавор шиори машҳури худро эълом дошт: «Озод шудан аз зери султаи папаи Рим кори тамоми миллат аст!». Мантиқи хизматҳои таърихии Мартин Л. посух додан ба саволе буд, ки «чӣ тавр оилаи бузурги умумидавлатӣ бояд сохт?».
Ташкил шудани давлатҳои миллӣ дар Аврупо намунаҳои беҳтарини тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор овард. Амният ва суботи ин давлатҳо ҳам, натиҷаи сохти давлатдории миллии онҳост, ки бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои Мартин Лютер асос ёфтаанд. Аз ақидаҳои миллатхоҳонаи ҳамин рӯҳонӣ сарчашма гирифтаанд.
Имрӯз кулли мусулмонони дунё таъна ва миннати барҳақ, аммо кулфатбори истифодаи дастовардҳои Ғарбро мешунаванд, зеро «Бузургтарин натиҷаи ақли инсонӣ – сохтани асбоб ва воситаҳост» (Ф.Бекон), ки ҳаёти одамиро маъниву мантиқ мебахшанд, зиндагии шоистаи ӯро таъмин мекунанд.
Ахиран, суханони сиёсатмадори варзидаи Олмон Ангела Меркел мусулмонони ҳушманди соҳибфикр ва баномуси дунёро дар хиҷолат гузошт ва бори дигар ба фикру андеша водор кард: «Ҳинду Чин бо 2,5 миллиард аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақоиди мухталиф доранд, аммо дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон як Худо, як Пайғамбар ва як Китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар рангин шудааст!
Қотилаш мегӯяд: Оллоҳу Акбар! Мақтулаш ҳам мегӯяд: Оллоҳу Акбар! Ва куштагони ду тараф шаҳид номида мешаванд.
Ин дарде аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем, дин чист!».
Таҷрибаи фоҷиабори дунёи муосир ҳатто мутафаккирон ва сиёсатмадорони арабро водор кардааст, ки нисбат ба сохти давлатдории динӣ - исломӣ, таҳти ҳар шиоре бошад, андешаронӣ кунанд. Мухолифати ошкори худро ба чунин тарзи масъалагузорӣ эълон намоянд. Ба хотири осудагӣ ва суботи миллӣ аз баҳри шиор ва ормонҳои сохтани давлати исломӣ гузаранд. Баъд аз чорсад соли таҷрибаи аврупоии милликунонии дин дар андешаи давлати миллӣ ва сохти давлатдории миллӣ бошанд.
Ба қарибӣ яке аз олимон ва давлатмардони таъсиргузори Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Алӣ Рашид ал-Нуаймӣ китоберо бо номи «National State» («Давлати миллӣ») (India by Thomson Press India Ltd. 2021) ба табъ расонид. Асари мазкур дар қисмате аз кишварҳои араб ва Ғарб, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир, Австралия бо теъдоди зиёд нашр гардид.
Ин рисола таҳлил ва арзёбии алоҳидаро тақозо мекунад. Аммо вобаста ба мавзӯи баҳс чанд нуқтаи онро мавриди ёдоварӣ қарор хоҳем дод, ки ба андешаи мо, масъалаи истиқлоли давлатиро нисбат ба бозиҳои беохири геополитикӣ аз номи дин, то ҳадди муайян равшан месозад.
Ал-Нуаймӣ ҳаёти зиёда аз ним асри ахири Аморотро бо дигар кишварҳои араб ва мамлакатҳои исломӣ муқоиса, таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ карда менависад: «Консепсияи давлати миллӣ калиди рушд, камолот ва тараққиёт мебошад. Бе чунин иқдом ҷомеа маҳву нобуд шуда, давлатҳо ба гирдоби беохири масири бесуботӣ рӯ ба рӯ мегарданд» (Аli Rashid Al Nuaimi.India by Thomson Press India Ltd. 2021.P.XII).
Олим ва сиёсатмадори муосири араб фикри ҷолибро бо ҷуръат пешниҳод ва қотеона тарафдорӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, акнун вақте расидааст, ки аз баҳри ақидаҳои шахшудаи таърихии схоластикии динии асримиёнагӣ гузарем. Ба ҷои кӯшиши фоҷиабори давлатҳои исломӣ сохтан, миллатҳо ва мардуми мусулмонро дар ҳалқа ё нӯхтаи бозигарони геополитикӣ андохтан, сар ба дор бурдан, беҳтар аст ба онҳо имкон диҳем давлати миллӣ созанд, то ҳар миллат чӣ таъриху тамаддун доштани худро донад, бишиносад. Бо он ифтихор кунад. Аз миллат ва арзишҳои миллӣ ҳимоя намояд. Ҳамин тариқ, ба ҳарими миллии онҳо ягон қувваи бегона калид пайдо накунад. Идеологияи миллӣ ҳимоятгари миллат ва давлати миллӣ бошад.
Араби соҳибандеша менависад: «Он фикреро муҳокима кардаам, ки дар замони имрӯза аз афзалияти бар майна фармонфармоӣ кардани таърих гузарем. Ҷамъияти арабии мо аз он зуҳуроти фарсудашудаи бартарият додан бар таърих нисбат ба воқеияти имрӯз ва оянда, ки асрҳо онро дунбол мекунад, зарар мебинад» (Ҳамон ҷо. − С. 12).
Вориси мафкураву ақидаҳои арабӣ таъкид месозад: «Ман назарияеро пешниҳод мекунам, ки озод кардани ҷамъияти мусулмононро аз раҳбарӣ, мутеъ ва вобастагӣ аз ҷомеаи пешина..., суиистифода аз исломро бо мақсадҳои шахсӣ, ба даст овардани ҳокимият дар назар дорад» (Ҳамон ҷо. − С. 13).
Вақте доктор Нуаймӣ рисолаашро «Давлати миллӣ» ном ниҳод ва доир ба ин масъала ҳамчун олим, сиёсатмадори фаъоли имрӯзаи ҳукумат муҳокимаронӣ мекунад, дар марказҳои асосии исломшиносии Ғарб роҳу воситаҳои «ғамхорӣ нисбат ба дини ислом», «ҳимояи мусулмонони табъизшуда», «бартариятҳои сохтани аморот ё хилофати исломӣ» боло мегиранд.
Мутафаккир ва сиёсатмадори араб менависад: «Созмонҳои исломӣ, ки аз исломи сиёсӣ вобастагӣ доранд, дар Левант (Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик) мустақар буда, дар доираи манфиатҳои барномаи мусулмонони Ғарб маблағгузорӣ карда мешаванд. Ин созмонҳо мекӯшанд ба ҳукуматҳои давлатҳое, ки аз он ҷо омадаанд, фишор биоранд, то ин ҳукуматҳоро сарнагун созанд. Он кишварҳоро ба харобазор табдил диҳанд. Онҳо чӣ қадар тавонанд, ки ташаннуҷро дар мамлакатҳояшон созмон диҳанд, ҳамон қадар маҳбуб мегарданд ва дастгирӣ меёбанд» (Ҳамон ҷо. − С. 59).
Ин гуна хулосабарориҳо бори дигар тасдиқ мекунанд, ки тамоми ҳаракатҳои исломӣ, хоҳ террористӣ, хоҳ муътадил, дар кадом шакле зуҳур ёбанд, муҳим он аст, ки даъвои сиёсӣ дошта бошанд, мақсади ғасби ҳокимияти давлатиро ба нақша бигиранд, ҳадафи «ғамхориҳо»-и бозигарони геополитикӣ интихоб мешаванд.
Кулли режимҳои исломӣ, сарфи назар аз дараҷаи расмии ниҳоят зери суоли суитафоҳум дар муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳти мувозибат ва пуштибонии махфӣ ва нимамахфии Ғарб буданд. Ҳастанд. Ва мемонанд. Аз ин беҳтар, хубтар, самараноктар ва аз ҳама муҳим, роҳи арзонтари зери султаи якумрӣ қарор додани мусулмононро ихтироъ намудан вуҷуд надорад.
Муносиботи Ғарб бо ҳаракатҳои ба ном исломӣ як навъ саҳнаи ниҳоят ҷолиби театри лӯхтакро мемонад. Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо дастгоҳи ошкор ва пардапӯшонаи таблиғотиаш, айнан, аз ҳамин қабил аст. Ҳам баъзе кишварҳои исломӣ ва ҳам Ғарб дар ин самт якдигарро бе ишора, хуб мефаҳманд. Баъзе аз рӯи содагӣ, дигаре аз рӯи ақли султагӣ. Субъекти асосии бозигар, бидуни шак, «манфиатҳо» аст, ки ҳар кадом онро ба тарзи худ тафсир мекунад. Натиҷаи онро бо кулли саҳнаҳои беохири фоҷиавӣ дар сухани дар боло зикршудаи хонум А. Меркел ва ҳаёти рӯзмарраи ҳамсоякишвар мешунавем ва мебинем.
Доктор Нуаймии ватандӯст, таҳсилкардаи Ғарб ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хатарро дар омезиши ислом бо сиёсат мебинад. Меҳаросад, ки тавассути чунин амал ҳамватанони ӯ ба доми беохир ва бесару бари бозиҳои геополитикии баъзе кишварҳои исломӣ ва Ғарб гирифтор мешаванд. Ва ба фоҷиаи хунбори бебозгашт ворид мегарданд. Аммо ҷуръати ватандӯстона ва олимона пайдо карда, масъалаи милликунонии дин ва зери манфиатҳои миллии кишвар қарор додани онро ба миён мегузорад. Ҳамчун олим, сиёсатмадори замони нав, шахсияти таҷрибадор пешниҳоди дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ, афзалияти давлати миллиро бар ҳама гуна шиорҳои диниву мазҳабӣ ошкор, бо забони фаҳмо тафсир ва талқин мекунад.
Мантиқи сухани доктор Нуаймӣ аз ин гуна назарияи дар таҷрибаи кишварҳои мусулмоннишин тасдиқгардида аз он иборат аст: ҳар вақте шаҳрванд, намояндаи миллат вориди исломи сиёсӣ гардид, калиди ақл, фаросат, ҳушу ёд, забон, дасту пои ӯ дар ихтиёри бегонагон - бозигарони геополитикӣ хоҳад буд. Аз чунин ҳолат, ӯро дигар ягон қувва халос карда наметавонад. Барои чунин шахс дунёи нави ормонӣ пайдо мешавад. Бошуурона ва бо ифтихори бузург бо ҷаҳонбинии таҳти шиорҳои ба ном исломӣ ташаккулёфта амал мекунад. Ҳар чизе, ки натиҷаи андешаи одамӣ аст ё барои инкишофи рӯҳи инсон таъйин шудааст, мешиканад, метарконад, оташ мезанад, нобуд месозад. Дунёро дар доираи зарфият ва ғунҷоиши зеҳни худ мебинад. Ин тоифа аз насл ба насл ба артиши мақсаднок ва худкифои геополитикӣ мубаддал мегардад.
Озод кардани қисмати мардум аз рӯҳияи ғуломӣ, вобастагӣ, дар алоқамандӣ бо ифротгароии динӣ, хурофотпарастӣ ва тақдирсолорӣ ҳадаф ва амали умумимиллӣ аст. Аммо ин кори осон нест. Доктор Нуаймӣ менависад: «Зарурати таъкиди он нукта муҳим аст, ки ислоҳоти соҳаи маориф таҳкурсии асосии таъсиси давлати миллӣ дар баробари тамоми орзуҳои дигари миллӣ аст. Ислоҳоти соҳаи маориф тамоми кӯшишҳои созмонҳои бебунёд ва гурӯҳҳои алоҳидаро дар масъалаи ба мақсадҳои сиёсӣ ва манфиатҳои худхоҳона истифода бурдани дин аз байн мебарад» (Аli Rashid Al Nuaimi. India by Thomson Press Iнdia Ltd. 2021.P.XIII).
Ин суханҳо кишваркушоӣ нестанд. Шояд онҳоро мо хубтар дарк намоем. Ҳадафи мо аз иқтибос - нишон додани тағйири тафаккури араб нисбат ба давлат ва давлатдории миллӣ аст.
Дар маҷмӯъ, давлати миллӣ натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи таърихии тамоми инсоният, кулли башар дар бархӯрд бо ҷаҳонбиниҳои беҳаракат, шахшудамонда, истибдодӣ ва маҳсули худи илм мебошад. Олими фаронсавӣ менависад: «Сарфи назар кардан аз истифодаи таҳқиқоти илмӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ – паст задан ва нодида гирифтани ҷойгоҳи илм аст. Илм моро дар мубориза ба муқобили фанатизм дар ҳама шаклҳои зуҳуроти он кумак мекунад; илм ба мо ёрӣ медиҳад, ки мо орзуву омоли боадолати ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи худро (дар мавриди сохти ҷамъиятӣ - С.Я.) созем ва ягон намунае аз системаҳое, ки иштибоҳ ҳастанд ва дорои намунаҳои ҷоҳилӣ, ваҳшигарӣ мебошанд, нагирем» (А.Франс. 32.8.530).
Чун мавзӯъ масъалаи пойтахт аст, мушкилоте, ки фарогири баҳс гардид, шояд ғайриодӣ намоянд. Аммо таърих шоҳиди он аст, ки бо дамидани субҳи озодӣ ба ҷои сохтани давлати миллӣ, мамлакат ҳазорон сӯхтамаскан чун оташи гулхан, дастаҳои маъруф дар одам куштан, миллати кулфатзадаи сарсону ҳоҷатманд ва мардуми сӯхтадилу сӯхтахирмани таънасори душманро дарёфт кард. Ҳамаи ин аз пойтахти мамлакат оғоз гардид.
Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо мегӯянд: дар Тоҷикистон насли нав ба саҳна омад, ки он бадбахтиҳоро надидааст. Қисме аз мардуми бетараф он фоҷиаи бузурги миллиро ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтаанд. Ва қисмате аз хоинони миллат бозгашти даври чуғзро орзу доранд.
ИСТИҚЛОЛ, ПОЙТАХТ ВА ҶАВОНОН
Муҳимтарин масъалаи давлатдорӣ ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ аст. Моҳияти онро истиқлоли давлатӣ, таъмин намудани тамомияти арзӣ, қонунсолорӣ, сулҳу субот, рушди иқтисодии кишвар дар бар мегирад.
Мушкили кор дар раванди амалисозии чунин ҳадафҳои олӣ дар ҳар давру замон барои миллатҳои соҳибдавлат омилҳои субъективӣ ва объективӣ мебошанд, барои он ки «одамон (аз лиҳози назарияи антропологияи сиёсӣ ҳамзамон хонда шавад: давлатҳо – С.Я.) якдигарро намефаҳманд, ба хотири он ки ба як забон гап мезананд: ба забони рамзии манфиатҳо, идеалҳо – он чизе, ки мехоҳанд» (В. В. Ильин. Политология. – М., 1999. – С. 3).
Ҳангоми таҳлили таърих «Аз ҳама талаботи ҷиддӣ - талаботи донистани ҳақиқат аст» (Г.Ф.В.Гегель. Энциклопедия философских наук. т.1., Наука логики. М., 1975. -С. 81). Вақте сухан дар бораи падидаи тоҷикии давлатсозӣ ва рушди миллат меравад, омили ҳокимияти сиёсӣ бори дигар пеши назар меояд, ки тақдири халқ маҳз аз он вобаста аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симати сарвари вилоят ва баъдтар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳаёти миллати тоҷик падидаи фавқулода муҳим ва гардиши кулливу сарнавиштсози умумимиллӣ буд. Яке аз олимони тавонои Ғарб менависад: «Таърихи худро худи одамон месозанд. Аммо онҳо ин таърихро на ба он тарзе, ки худашон тарҳрезӣ мекунанд ва дар ҳолатҳое, ки онҳо интихоб кардаанд, балки дар он шароити воқеие, ки мустақиман рӯ ба рӯ мешаванд ва аз гузашта ба онҳо ба мерос мондааст, роҳандозӣ менамоянд».
Барҳақ, давлатдорӣ кори саҳл ва роҳи ҳамвор нест. Ҷараён ва маҳсули андешаи олии инсонист. «Ҳукумат бояд ба беҳтарин шахсиятҳои мунтахаб мансуб бошад. Ба ононе, ки масъулияти бузург вогузор карда мешавад ва ононе, ки бар дӯши худ уҳдадориҳои бузург вогузор мекунанд» (Н. Бердяев).
Абармарде, ки вориди ин ҷараёни ниҳоят масъулиятнок мегардад, ҳаёт ва манзалати шахсии худро дар рӯ ба рӯи миллат ва дар саҳнаи байналхалқӣ мегузорад. Таҷрибаи таърихи гузашта ва муосир нишонгари иштибоҳоти раҳбарии сиёсии бисёре аз кишварҳост. Натиҷаи он - фоҷиаҳои оламшумул, ислоҳнашаванда ва умумимиллии онҳост.
Ҳамзамон инсоният шоҳиди давлатҳои муваффақ ва миллатҳои хушбахт ҳам ҳаст, ки фарзандони ҷоннисор ва азхудгузаштаи онҳо – шахсиятҳои барҷаста дар давраҳои муайян кишварро сарварӣ кардаанд. Дуруст аст, ки «Шарафи одамони бузург бояд тавассути роҳ, усул ва воситае, ки чунин мартаба насиби онҳо гаштааст, баҳогузорӣ карда шавад» (Л. Ларошфуко. Максимы и моральные размышление. М., 1958. - С.123).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро асос гузошт. Мактаб ва усули раҳбарии мабно бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори раҳбарӣ, қудрати волои суханварӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва олиҳимматии ҷавонмардонаро дар амал нишон дод. Бо беҳтарин сифатҳои давлатдорӣ – азамати худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, кордонӣ, ғаюриву далерӣ, бурдборӣ ва нексириштӣ дар минтақа ва арсаи олам ному манзалати қадимии миллати тоҷикро барқарор намуд. Мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт.
Мо борҳо таъкид кардаем, ки то замони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳазорсолаи ахир тоҷикон, асосан, бо ҳувияти фарҳангӣ ва дар замони шӯравӣ бо истиқлоли нисбӣ шинохт пайдо карда буданд. Ин абармард тавонист тоҷиконро дар арсаи олам ҳамчун миллати соҳибдавлат, мустақил, номвар муаррифӣ ва ҳимоят намояд.
Президенти кишвар бо қотеияти сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои асосии сохти давлатдориро муваффақона ҳифз, ҳимоя ва дифоъ намуд. Бо сиёсати ҳуқуқӣ ва тадбирҳои амалӣ татбиқи онро ҷасурона ба роҳ монд.
Мактаби давлатдории Пешвои миллат – сиёсати амалӣ, рӯшод ва ошкоро аст. Назария ва фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардум, дар байни мардум ва барои мардум мебошад. Ба хотири гузаштаи таърихӣ, барои имрӯз ва таъйиноти амал барои ояндаи миллат, барои наслҳост.
Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки ҳангоми кор бо омма, суханронӣ, мусоҳиба бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар толор, дар майдон, дар коргоҳ, дар саҳро, дар кӯчаву хиёбонҳо Раҳбари давлат одамон, махсусан, ононеро, ки бо инсон сару кор доранд, сарваранд ё умеди сарварӣ дар дил мепарваранд, дарси намунавии сиёсат ва сиёсатмадорӣ, давлат ва давлатдорӣ меомӯхта бошад. Санъати тавони муошират бо мардум - санъати бузурги раҳбарӣ аст: «Таъсиррасонӣ ба рӯҳи иҷтимоӣ маънои таъсир расонидан ба раванди ҳодисаҳои таърихиро дорад» (Г.В. Плеханов. Сочинения. Т. 1-24. М., 1923. –С. 24).
Эътиқод бар он назар аст, ки табиат ва тақдир ин шахсиятро маҳз барои ҳамин манзалати бузурги таърихӣ – Пешвои миллат будан офаридааст.
Аз лиҳози дигар, «Дар тули таърих ягон табақаи иҷтимоӣ (хонда шавад миллат - С.Я.) ба ҳокимият ва сарварӣ нарасидаанд, агар онҳо доҳиёни худро, ки ҳаракатҳои мардумиро ташкил ва роҳбарӣ кардаанд, рӯи саҳнаи сиёсӣ набароварда бошанд» (Составитель С.Х. Карин. «Мысли и изречения». Алма-Ата,1964. – С. 657).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди миллӣ аст.
Роҳбари давлат доимо мантиқеро таъкид месозад, ки муҳтавояшро бо иқтибос аз мутафаккирони бузург ифода кардан мумкин аст: «Таърих чизи дигаре нест, ғайр аз батадриҷ иваз гаштани наслҳо».
Воқеан, дар замони истиқлол насли нав ба камол расид.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ҳамсоли давлати соҳибистиқлол ва таҳсилдидаи ин марҳала, зина ба зина дар система ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти хислатҳои шахсӣ, тахассусмандӣ, таҷриба, дониш ва малака дар сатҳҳои роҳбарикунанда ба кор ҷалб гардиданд.
Чунин тағйирот талаботи рӯзмарра, объективӣ ва ҳаётан муҳим мебошад. Маҳз ҳамин муносибат устувории ҷомеаро, ки доимо дар таҳаввулоти диалектикӣ буда, ҳамқадамии иваз гаштани наслҳоро вобаста ва дар мутобиқат бо такмили воқеӣ дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо дар бар мегирад, таъмин мекунад. Аз нигоҳи илмӣ дигаргунсозии сифатӣ ва табиӣ дараҷаи олии рушд ва тараққиётро мадди назар дорад.
Мусаллам аст, ки худи давлат барои ҳаллу фасли манфиатҳои ба ҳам муқобил ва гуногуншакли синф ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, танзим ва тақсими фаъолияти инсонӣ, бо кулли имконот амалӣ кардани иродаи сиёсӣ дар қаламрави кишвар барои таъмини амният, дифои мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва тавони манзалати шоиста бахшидани миллат дар арсаи байналхалқӣ арзи вуҷуд кардааст.
Аз диди амалияи давлатдорӣ ҷавонони солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта қисмати асосии кишвари моро дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсати дохиливу берунӣ, илм, маориф, сиҳати омма, соҳибкорӣ, қувваҳои мусаллаҳ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ - муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти мамлакат муаррифӣ мекунанд. Онҳо қувваи бузург – чилу ҳашт фоизи аҳолии кишварро дар бар мегиранд. Қисмати солим ва ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошанд. Аммо «миқдор ҳамон вақт масъаларо ҳал мекунад, ки муташаккил ва бо дониш фарогирифта бошад». Дониш ҳам замоне самара мебахшад, ки бо андеша ва муҳокимаи баробарвазн ба воқеият иртиботи ногусастанӣ пайдо кунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мактаби аслии Пешвои миллат - таҷрибаи зиндагӣ бо хиради азалӣ ва хислати бузурги ҷавонмардӣ аст. Яке аз чунин сифатҳо тарбия кардани кадрҳо, махсусан, ҷавонон, эътимод ва бовар ба онҳост.
Мо дар замони ниҳоят пурпечутоби таърихӣ қарор дорем. Бозигарони геополитикӣ тавассути имконоти пулӣ, молӣ, идеологӣ ва шиорҳои дурӯғин мехоҳанд сарнавишти мардумони оламро идора ва ба нафъи худ ҳаллу фасл кунанд.
Аммо таҷрибаи кишварҳо гувоҳи он аст, ки меъмори ҳаёти имрӯзу фардои миллат фақат худи миллат аст. Дар ин маврид ҷавонон оянда ва қувваи бузурги тақдирсози мамлакатанд. Маҳз онҳо давомдиҳандаи ҷараёни бузурги эҳёи мардуми тоҷик мебошанд, ки онро Пешвои муаззами миллат асос гузоштааст. Мо дар ҷомеаи тақдири ягона рӯзгор мебарем. Ин масъулияти умумимиллӣ моро гаштаву баргашта ба ваҳдат, сарҷамъӣ, дастгирии насли ҷавон, ки амалӣ гаштани орзуву омоли падару бобоёни мо - нақшаҳои бузурги давлатсозӣ аз онҳо вобаста аст, водор мекунад. Ва баръакс, «бояд аз дӯстони рӯякӣ, ки дар бораи принсипҳои марбута ризоияти худро иброз медоранд, аммо нисбат ба амалӣ гаштани онҳо ба баҳонаи он ки гӯё ҳанӯз вақт ба он омода нест шубҳа доранд ва худ кӯшиши кумак кардан, ёрӣ расонидан барои пухта расидани масъаларо намекунанд, ошкоро эҳтиёт кунем» (Мысли и изречения. Составитель С.Х. Карин. Алма-Ато, 1964. -С. 147).
Вазифаи мост, ки дасти ҷавононро бигирем. Онҳоро пуштибонӣ кунем. Ба онҳо умед бандем.
Устоди беҳтарини инсон илм, маърифат, дониш ва ҷавҳари он таҷриби зиндагӣ мебошад. Сарфи назар кардани ин воқеият сабаби фоҷиаҳои бузурги инсонӣ аст: «Одамон бо як сабаби одӣ дастҳо сӯи Осмон тақдир меҷӯянд, зеро ки онҳо дар Замин роҳи худро гум кардаанд» (Г.В. Плеханов. Сочинения. Т. 1-24. М., 1923. -С. 409).
Итминон аст, ононе, ки ба арсаи зиндагии пурмасъулият қадам мегузоранд, зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи намунаи ҳаёти худ мешуморанд. Бо тавони таҳлил ва салиқаи муҳокимаронӣ, андеша, гуфтор, рафтор, кору пайкор ва масъулияти ватандорӣ сазовори эътимоди мардум мегарданд.
Мундариҷаи андеша ва хулосабарории инсони комил тавассути таъсири дигаргуншавии олами ҳастӣ шакл мегирад ва вобаста ба он тағйир мепазирад. Таҷриба, намуна ва далелҳои зинда омили рушди ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи одамон мегарданд.
Шаҳри Душанбе барои сокинони он ва кулли шаҳрвандони кишвар, нафароне, ки на танҳо пеш аз истиқлол, балки ҳамагӣ се-чор сол қабл меҳмони пойтахти мамлакат гаштаанд, ин падидаро намунае аз инқилобҳои шаҳрсозии олам арзёбӣ мекунанд.
Ҳар касе, ки дар зиндагӣ бо дастони худ хишт болои хиште гузоштааст, бомеро таъмир карда, дар ҳавлиаш роҳраве бунёд намуда, дарахте сабз карда, буттаи гуле шинонидааст, ба қадри ин таҳаввулот мерасад.
Ҳамаи ин иншоот ва корхонаву муассисаҳоро дар кӯтоҳтарин муддат шаҳрдорӣ, соҳибкорон, ҳазорон ҳазор ҷавонони мамлакат месозанд. Онҳо аз дуру наздик бо тарҳрезӣ, нақшабандӣ, ташаббус, даъват ва раҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба майдони корзори пойтахт ворид шуда, ин бозсозиро оғоз, идома ва суръат бахшидаанд. Ҳамин тариқ, амал «лаёқат ва истеъдод эътимодро тақвият медиҳад» (Гёте).
Бунёди корхонаву муассисаҳо, мактабу шифохонаҳо, роҳҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ бо ин бузургӣ ва вусъат дар пойтахти мамлакат - шакли воқеии зуҳурот ва далели моҳияти шахси роҳбар аст. Ин масъаларо метавон тавассути имконоти сухан ба таври ҳамвазн тафсир намуд. Аммо хубтар ба назар мерасад, ки он аз нигоҳи илмӣ арзёбӣ ва хулосабарорӣ карда шавад: Гегел дар тафсири чунин падидаи мантиқӣ таъкид мекунад: «Ҳақиқат, бидуни шубҳа, тавассути таҷриба тасдиқ мегардад. Дар таҷриба муҳим он аст, ки кадом ақл ба омӯхтани воқеият машғул мешавад. Ақли бузург назорати бузургро асос мегузорад ва дар гуногунрангии зуҳурот он чизеро мадди назар мегирад, ки аҳамият дорад. Идея дар нақд ва ҳақиқат зуҳур меёбад, на берун аз он, на баъди зуҳурот». Сухани худро давом дода, файласуфи бузург менависад: «Дар идома имкон дорад, ҳамчунон ҳақиқатро дар инъикос кардан, дар муайян кардани муносибати фикрҳо, андешаҳо шинохт, дарк кард» (Г.В.Ф. Гегель М.: Наука, 1974. -С.127).
Ин фикр, ба назари мо, ба муттасилии айният, хосияти ирсӣ ишора мекунад ва аз аломатҳои устувори моҳият ва зуҳурот низ шаҳодат медиҳад. Академик П.Н. Федосеев таъкид мекунад: «Инсон зуҳуроти ҷамъиятист, аммо ҳамчун ҷузъи табиат моҳияти биологӣ дорад» (П.Н. Федосеев. Проблема социального и биологического в философии и социологии. -Биологическое и социальное в развитии человека. – М., 1977. – С. 19). Рустами Эмомалӣ дар кору рафтор, қавлу амал ва маҷмӯи сифатҳои шахсӣ ва корӣ дастпарвари мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
ХУЛОСА
Давлат ҳамчун талабот, зарурат ва падидаи ҷамъиятӣ хосияти сирф заминӣ дорад. Барои ҳаллу фасли мушкилтарин масъалаҳои ҷомеа таъсис ёфтааст. Ба ҳамин хотир, қонунгузор ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ин ниҳодро қотеона муайян кардааст.
Дар маҷмӯи чунин масъулият ва имконот пойтахти мамлакат нақши ҳаётан муҳимро дорост. Уҳда кардани мудирияти он барои давлатмард имтиҳон ва шарафи бузург аст.
Чун анъана, одамони касбу кори гуногун дар пойтахт умр ба сар мебаранд. Кору зиндагӣ мекунанд. Дар кӯчаву хиёбонҳояш сайру гашт менамоянд.
Умдатарин сифати дарки инсон баробарвазнии инъикоси воқеият дар тасаввуроти ӯ мебошад. Ахиран, мардуми соҳибандеша ва ҳақбин пешравии куллиро дар пойтахти мамлакат хуб мушоҳида мекунанд. Рушд ва зебоии шаҳр дар дилу дидаи инсонҳо, илми таърихнигорӣ, эҷоди асарҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, вокуниши меҳмонон аз дуру наздик инъикоси ҳақиқӣ ёфта, боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар гардидааст. Ин дастовард бо кӯшишҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мисли дигар комёбиҳои беназири кишвар таҳти ҳидояту сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.
Ҳама гуна амали инсон маҳсули идея, ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва андешаи ӯст. Бузургтарин тарҳҳои бунёдкорӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ҳам, айнан, дар ҳамин шакл, аввал дар мағзи инсон ҳамчун нақша, орзу, ният ба вуҷуд меоянд. Муҳокима мегарданд. Пухта мешаванд. Баъд рӯи кор меоянд. Ба зуҳуроти материалӣ мубаддал мешаванд. Дастраси омма мегарданд. Яъне падидаи одӣ нестанд. Ниҳоят заҳматталабанд. «Агар воситае бошад, ки тавассути он дараҷаи тараққиёти ҷомеа санҷида шавад ё дар ҳадди ниҳоӣ имконоти тараққиёти он муайян гардад, ин восита аз дақиқ кардани ҳамон идеалҳое мебошад, ки дар марҳалаи кунунии таърихӣ он ҷомеа ба роҳбарӣ гирифтааст» (М. Е. Салтыков-Щедрин. Сочинение. Т. 1-12. –Спб, 1894). Чунин идеяи роҳнамо шиори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон, ба пеш!» аст.
Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр мисли ҷаҳони муосир дида мешавад, бояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон дидгоҳ ва ҷаҳонбинии навро тавлид намояд. Мо муътақид ҳастем: дониш, маърифат, ки асоси онро ҷаҳонбинии миллӣ ташкил мекунад, имконоти ғаразҳои геополитикиро маҳдуд месозад.
Агар ба бисёре аз иншооти хотирмони Душанбеи имрӯза назар андозем, ба тарҳ ва мантиқи ороиши дохил ва намуди берунии онҳо таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки намои шаҳр ҳазорсолаҳои гузаштаи миллати моро дар давраҳои мушаххаси таърихӣ, бо беҳтарин дастовардҳои меъмории олам инъикос менамояд. Аммо таърих борҳо исбот кардааст, ки «ҳифзи музаффариятҳои инқилоб дар рӯзи дуюми баъд аз инқилоб на камтар аз худи инқилоб аст» (М. Робеспйер).
Пас зарур аст, ки мо пойтахти мамлакатро ҳамчун гавҳараки чашм пок, беолоиш, дар сулҳу субот ва оромиву осудагӣ барои имрӯз, барои фардо, барои ҳазор соли дигар нигаҳ дорем. Аммо ин кор саҳл нест.
Таҳлили зуҳуроте, ки аксар вақт дар тарзи пӯшидани либос, намуди зоҳирӣ, гуфтор ва рафтору кирдори баъзе гурӯҳҳои ҷавонони пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он ба назар мерасад, ба таҳлили моҳияти (умқ, сират, ботин, муҳтавои ҷаҳонбинӣ, шуур) ин падида ва аз оқибати эҳтимоли зери суол рафтани вазъ ҳам дарак медиҳад. Он намунае аз тамоюли бегонапарастӣ, фосила гирифтан аз анъана, урфу одат ва ҷаҳонбинии миллии қисми фаъоли ҷомеа аст.
Ҷавонон, умуман, инсонҳо бе идеал зиндагӣ карда наметавонанд. Ин беҳтарин нишонаи одамият аст. Аммо ин идеал бояд заминӣ бошад, барои аҳли оила, хонаву дар, деҳа, барои ҳифзи сарзамин, барои миллат, барои Ватан. Пойтахти давлатро ҳам, фақат ҳамин идеал обод мекунад, осуда нигоҳ медорад. На чизи дигар.
Роҳи ягонаи раҳоӣ аз торикӣ ва раҳгумӣ, халосӣ аз гирдоб ба умеди соҳил, омиле, ки мушкилро осон мекунад ва манзилу маҳфилу аҳли дилро нигаҳ медорад, ҷоҳилро комил мегардонад, мактаб, маориф бо ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги миллӣ аст. Китоби дарсӣ «...бояд на танҳо ҳақиқатро гӯяд, балки сабаби дурӯғро ҳам тафсир кунад, фаҳмонад: ин амал боварро ба ҳақиқат қувват мебахшад. Одам бояд фаҳмад, барои чӣ як чизе дар назар ҳақиқат менамояд, ки он дар асл ҳақиқат нест. Чунин фаҳми масъала эътиқоди инсониро ба воқеият, ба дурустӣ пурзӯр мекунад» (Аристотель. Эстетика. – М., 2020. – С. 75).
Дар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ, ки дар се-чор соли охир дар пойтахти мамлакат сохта шуданд, барои наврасон ва ҷавонон беҳтарин имконоти тарбия ва таълим фароҳам гардидаанд. Чунин боргоҳҳои илму ҳунар, воқеан, дар дунё камназиранд. Барои давлат, барои хазинаи шаҳрдорӣ ниҳоят гарон афтодаанд. Аммо маблағгузорӣ барои имрӯз ва оянда, барои рушди инсонӣ ҳамин аст. Ҷомеа, волидайн, кормандони соҳаҳои илму маориф бояд ба қадри он расанд. Фарзандон, мутахассисон, олимонеро тарбия намоянд, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватанпарастона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва рифоҳи ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд.
Соҳаи маориф, таълиму тарбия ҷабҳаи муътақидкунонист. Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба тарбияи насли нави давраи истиқлол ва давлатдории навини миллӣ аз муваффақтарин самти сиёсати шаҳрдорӣ дар давраи мудирияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Ва ин бесабаб нест. Фаъолияти Раиси шаҳр ва мантиқи амали ӯ - милликунонии тафаккур бо суханони мутафаккири бузург Аристотел алоқамандии ногусастанӣ дорад: «Ба хотири он ки тамоми давлат, дар маҷмуъ, ҳамагӣ як мақсадро мадди назар дорад, аз ҳамин сабаб барои шаҳрвандон шароити якхелаи тарбия лозим аст. Ва ғамхорӣ дар ин масъала бояд ғамхории давлат бошад, на ташаббуси шахсӣ. Зиёда аз ин, набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад. Не, ҳар шаҳрванд мансуб ба давлат аст. Ҳар шаҳрванд ҷузъи давлат мебошад. Ҳамин тариқ, ғамхорӣ дар бораи ҳар як нафар, табиист, ки ғамхорӣ дар маҷмуъ, дар якҷоягиро дар назар дорад» (Аристотель. Политика. -М.: Наука. 2010. – С. 536). Чунин муносибат ба вазъи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа бесабаб нест.
Миллати тоҷик борҳо бо фоҷиаҳои сангин рӯ ба рӯ шудааст. Бузургтарин бадбахтии миллӣ шикасти давлати Сомониён буд. Ин нокомӣ ҳазор сол идома дошт. Ва мардумро тӯли садсолаҳо ба ғуломӣ кашид. Рӯҳияи онро заиф сохт. Ба ҷузъи психологияи таърихӣ мубаддал шуд. Айнан, ҳамин кӯшишро давоми ҳафтод соли охир ду маротибаи дигар (ҳаракати босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ) хоинони ҷоҳталаби миллат зери султа ва амри бегонагон бо роҳу василаҳои нангину хунин амалӣ карданӣ шуданд.
Аммо шикоятҳо дарди моро сабук намекунанд. Бояд бидонем, ки фоҷиаву шикасту рехтҳоро сабаб чист? «Мо наметавонем, ягон хатоии худро, аз ҷумла, иштибоҳоти сиёсиро дарк кунем, агар натавонем фаҳмем, он касе чунин иштибоҳро содир мекунад, аз лиҳози умқи масъала кадом камбудии назариявиро бошуурона қабул ва гумон кардааст, ки дуруст аст ва онро содир намудааст» (Мысли и изречения. Составитель С. Х. Карин.– Алма-Ата, 1964. – С. 637). Ҳамаи он каҷравиҳое, ки боиси фоҷиаҳои миллӣ гардидаанд, асоси идеологияи хурофотӣ, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ доштанд.
Пойтахт ва умуман, кишвар зарурат ва ниёзи бемайлони ислоҳи вазъро дар самти тарбияи шуур ва маънавиёти омма дорад. Ин ҳолат бояд на танҳо ба рафти тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии миллӣ мувофиқат кунад, ҳатто аз он пеш гузарад. Сохтор, мундариҷаи ҷаҳонбинӣ, дидгоҳи қисмати фаъоли ҷомеа ва нақшаҳои ғаразноки бозигарони геополитикӣ ин масъаларо рӯзмарра ва мубрам гардонидаанд.
Ғолибияти ҷаҳонбинии миллӣ – замонати суботи пойтахт, истиқлол, пойдорӣ ва рушди Ватани азиз – Тоҷикистон аст. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ садоқати хешро дар ин пайкор ҷавонмардона нишон медиҳад.
С. ЯТИМОВ, профессор
Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа», № 5 (27), соли 2021
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2021 №: 235 Мутолиа карданд: 52