Хабарҳо
Ҳамоиши бозгӯкунандаи эҳтиром ба Парчами давлатӣ
Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Ин нуктаро рӯзи 24 ноябр ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло зимни баргузории ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ дар мавзуи «Таърихи таҳаввул ва ташаккули дирафш – Парчами тоҷикон аз даврони қадим то имрӯз» зикр намуд.
Тавре Хайрзода Ш.Қ. дар баромадаш қайд намуд, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Дар ҳар як сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар дар маркази он сутунпояи Парчами давлатӣ ифтитоҳ карда мешавад, ки ин аз эҳтиром гузоштан ба ин муқаддасот дарак медиҳад.
- Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас сурат намегиранд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ва эҳтиром нисбати ин муқаддасот қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо бояд бошад, - гуфт дар охир ректор.
Сипас, Асадулло Муллоҷонов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзуи «Сайре ба таърихи парчамдории тоҷикон» баромад карда, тариқи слайд аз таърихи 4500-солаи парчамдории миллӣ маълумоти мукаммал дод. Мавсуф аз таърихи парчамдории Куруши Кабир сар карда, то қабули Парчами давлатӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ маълумот дода, шакли онҳоро низ намоиш ва шарҳ дод.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Ҳар давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне, Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ мусобиқаи футболи хурд байни кормандон, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибонро бо ифтихорнома ва Ҷоми ректор мукофониданд.
Ҳамин тавр, ҷойи якум ва Ҷоми ректор ба дастаи раёсати донишгоҳ, ҷойи дувум ба дастаи факултети иқтисод ва бизнес, ҷойи севум ба дастаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ насиб гардид.
Ҳамзамон, чанде аз устодон барои фаъолияти пурсамар бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд, ба мисли Сафаров Музаффар бо мукофоти «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ», Ашуров Муҳаммадӣ, Иброҳимов Давлат, Давлатзода Абдулло ва Ҷовидон Халифазода бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуданд.
Дар охир, аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» шеъру суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки фарогири мавзуи Парчами давлатӣ, Тоҷикистон, Ватан ва барои тақвияти худшиносии миллии иштироккунандагон мусоидаткунанда буд.
Машҳура Абдуллоева