Хабарҳо
Парчам – ҳамчун муқаддасоти миллӣ
Таҳти чунин унвон санаи 23-юми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва қарз чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети мазкур Нурализода А. ҳусни оғоз бахшида, зимни суханрониаш дар бораи Парчам ҳамчун муқаддасоти милливу давлатӣ фикру андешаҳояшро иброз намуд.
Гуфта шуд, ки парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд.
Пасон аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо, шеъру суруд ва маълумот дар бораи парчамҳои давлатҳои дигар пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Аз тарафи садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим шуданд.
Дар охир музокира ва ҷамъбаст сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён хеле фаъол буданд.