Хабарҳо
Баррасии амалисозии ҳадафҳои стратегӣ
Рӯзи 25-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Дастовардҳои рушди иқтисодии 30 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ: дар доираи амалисозии ҳадафҳои стратегӣ» доир гардид.
Нахуст, декани факултет н.и.и. дотсент Амрулло Нурализода дар бораи муҳимияти мавзуъ изҳори андеша намуда, афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дилхоҳ самт пешравиҳои назаррас дида мешаванд, ки ҳамаи ин аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
- Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ кӯшиш намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, - гуфт А. Нурализода.
Сипас, д.и.и. профессор Ҳисайн Исайнов дар мавзуи матраҳгардида маъруза намуда, пайвастагӣ ва аз ҳамдигар вобаста доштани ҳадафҳои стратегии мамлакатро шарҳ дод.
Ба андешаи мавсуф, ҳадафҳои эълонгардида: баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии озуқа; истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо якдигар алоқа дошта, баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва шуғли пурмаҳсул мусоидат менамоянд.
Маърӯзакунанда дар идома дар бораи нишондодҳои дохилӣ, талаботу таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаи худӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуд.
Дар охир муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Н. Ҷобиров