Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пул ҳамчун эквиваленти умумӣ

Пул ҳамчун эквиваленти умумӣ

Тӯли ҳафтаи равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон як қатор маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар мавзӯоти иқтисодӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла санаи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ маҳфили илмии донишҷӯён бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни таълимгоҳ таҳти унвони «Пул ҳамчун эквиваленти умумӣ» баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Насриддинов Ф. ҳусни оғоз бахшида, дар мавриди пул ҳамчун танзимкунандаи соҳаи иқтисод ва тиҷорат андешаҳояшро иброз намуд. 
Пасон донишҷӯёни курсҳои 1-и факелтетҳои молия ва қарз, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар бораи пайдоиши пул, вазифа ва мақсади пул, миқдори пул дар муомилот, пулҳои ҷаҳонӣ ва амсоли ин баромад намуда, факту далел ва иқтибосҳои овардаашонро тариқи слайд намоиш доданд. 
Баъд аз ироаи маърузаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт, ки баромадкунандагон хеле фаъол буданд. Маҳфил ҳам барои устодон ва ҳам барои донишҷӯён аз манфиат холӣ набуд.

 
Ифтихор Юсуфов