Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам – рамзи ҳувият ва иттиҳод

Парчам – рамзи ҳувият ва иттиҳод

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар макотиби миёнаву касбӣ ва олии кишвар як қатор маҳфилу семинарҳо ва чорабиниву ҳамоишҳои идона гузаронда мешаванд. Бахшида ба ин ид дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои пуршукӯҳ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, санаи 23-юми ноябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявӣ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувият ва иттиҳод» баргузор гардид. 
Ҳамоишро декани факултет Муқимов Қ. ҳусни оғоз бахшида, фикру андешаҳояшро дар бораи Парчам ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ва муқаддасоти миллӣ баён намуд. Дар ҳошияи гуфтаҳои Муқимов Қ. сардори раёсати корҳои тарбиявии таълимгоҳ Давлатзода Абдулло низ оид ба Парчам фикру андешаҳояшро баён намуда, онро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва ҳувият арзёбӣ кард. 
Пасон муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Сафарзода Ф. оид ба таърихи чандинҳазорсолаи парчамдории миллии тоҷикон сухан ронда, ба ҷанбаҳои таърихиву фарҳангии он бештар рӯ овард. 
Дар бахши фарҳангии ҳамоиш бошад, донишҷӯёни факултет маърузаҳо, шеъру сурудҳо дар васфи Парчам, Ватан, Тоҷикистон ва амсоли ин қироат карданд. Ғайр аз ин, саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш дода шуд, ки табъи ҳозиринро болида гардонд. 


Ҳамоиш пурмуҳтаво ва ҷолибу хотирмон гузашт. 
Ифтихор Юсуфов