Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои молиявӣ–қарзии байналмилалӣ

Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои молиявӣ–қарзии байналмилалӣ

Таҳти чунин унвон санаи 26-ум ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. 
Конференсияро ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло ҳусни оғоз бахшида, зимни суханрониаш зикр кард, ки мавзуи баррасишавандаи конфронс актуалӣ буда, рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо институтҳои молиявии ҷаҳонӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати молиявии кишвар маҳсуб меёбад. Ин ҳамкориҳо барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидати бевосита доранд, гуфт ректор. 
Пасон дар ҳошияи ҳамин гуфтаҳо Свилен Иванов, мудири кафедраи маркетинги Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғористон тариқи онлайн сухани шодбошӣ гуфта, аз ташкилкунандагони ин ҳамоиши илмӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Булғористонро зарур шуморида, барои тавсеаи он якчанд пешниҳодҳо низ кард. 
Аз тарафи намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев дар мавзуи «Взаимоотношение Азиатского банка развития с Республикой Таджикистан: улучшая качество экономического роста» маърӯза ироа шуд. Мавсуф дар бораи Бонки осиёии рушд - донори асосии байналмилалии Тоҷикистон маълумоти пурра дод. Тавре М. Бобоев гуфт, ҳаҷми кумаки бонки мазкур ба Тоҷикистон дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ 2,2 млрд. долларро ташкил додааст. Портфели фаъоли БОР дар Тоҷикистон дар соли 2020 18 лоиҳаро дар бар мегирад, ки 960 миллион долларро ташкил медиҳанд, ва 91%-и онҳо аз ҳисоби грантҳо маблағгузорӣ мегарданд. Соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар соли гузашта бузургтарин гирандагони маблағгузории БОР боқӣ мондаанд, ки мутаносибан 35,9% ва 34,4%-ро ташкил медиҳанд. БОР инчунин ташаббускориҳои кишоварзӣ, захираҳои табиӣ, рушди деҳот, об ва дигар инфрасохтору хидматрасонии шаҳрӣ, тандурустӣ, маориф ва молияро дар чаҳорчӯбаи маблағгузориҳои хеш фаро гирифтааст, аз ҷумла 700 км роҳҳо таҷдид ва таъмир, 100 хонавода бо оби нӯшокӣ таъмин ва 100 ҳазор гектар замин обёрӣ карда шудааст. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар баробари ин Бобоев М. аз омилҳои халалрасони ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ изҳори нигаронӣ кард. 
Ҳамзамон мавсуф аз барномаҳои стипендиявӣ барои магистрҳо ва унвонҷӯёну докторантҳо, ки аз тарафи БОР пешниҳод гардидааст, ҳозиринро шинос намуда, аз ин имкониятҳо истифода бурданро тавсия дод. 
Баъдан Садыхов Паша Мамед Садыхоглы, муовини директори Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон дар мавзуи «Об особенностях кредитно-финансового сотрудничества многосторонних финансовых институтов с Республикой Таджикистан: взгляд Евразийского банка развития» баромад намуд. Мавсуф дар бораи ҳамкориҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки рушди АвруОсиё иттилоъ дода, самтҳои афзалиятноки ин ҳамкориҳоро махсус таъкид сохт. 
kkbr407.jpgСипас д.и.и., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуродзода Лутфулло дар мавзуи «Малая открытия экономика Таджкистана: превентивные меры в условиях воздействия внешних финансовых шоков» баромад кард. Профессор қайд кард, ки дар шароити буҳронҳои молиявию иқтисодие, ки солҳои қаблӣ тамоми ҷаҳон ва аз он ҷумла Тоҷикистонро фаро гирифт, чораҳои пешгирикунандаи осебпазирии рушди иқтисодӣ андешида шуданд, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030 пешбинӣ гардидааст. Ин тадбирҳо аз барқароркунии фаъолияти бонкҳои мушкилотдоштаи мамлакат, муътадилсозии қурби пули миллӣ, чораҳои паст кардани шуғлнокии ғайрирасмӣ ва ба ин монанд иборатанд. Ҳамзамон паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 низ ба иқтисодиёти миллӣ таъсири манфии худро расонид, аз он ҷумла ба буҷети давлатӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва табодули молу маҳсулот бо давлатҳои хориҷӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва қурби пули миллӣ, гуфт Саидмуродзода Л. ва барои бартарафсозии ин мушкилот чанд таклиф низ пешниҳод намуд. 
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 
Пас аз нисфирӯзӣ кори конфронс дар бахшҳои муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ ва низоми молия ва бонкдорӣ дар шароити муосир идома ёфта, дар онҳо масъалаҳои сармоягузориҳои хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, қарзи беруна ва мушкилоти танзими он дар робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ, дурнамои ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва молиявию бонкӣ дар СҲШ ва ғайра баррасӣ гардиданд. Дар умум зиёда аз 100 маъруза шунида ва дар охир тавсияву пешниҳодҳои илман асоснок аз натиҷаи конфронс карда шуд. 


Машҳура Абдуллоева