Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарғиби хештаншиносӣ дар суҳбати масъулин

Тарғиби хештаншиносӣ дар суҳбати масъулин

Рӯзи 26-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода бо устодон ва донишҷӯён доир гардид. Нахуст муовини ректор оид ба илм, н.и.и., дотсент Баҳром Сафаров ҳадафи ҷамъомадро ҳифзу тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани хештаншиносӣ, пешгирии терроризму ифротгароӣ ва исрофкорӣ муаррифӣ намуд. 
Сипас, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе дар самти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Риояи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол расондани насли ҷавон ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати таъмини пешрафти босуботи пойтахт аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд. 
- Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани мо рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳр беш аз 250 майдончаи варзишӣ, 5 боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ, инчунин, 6 боғи фарҳангӣ-фароғатии дигар пурра навсозӣ шуда, дар хизмати меҳмонону сокинон қарор гирифт. Дар ин давра, 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 16 ҳазор хонанда, 10 муассисаи томактабӣ ҷиҳати шароити мусоид фароҳам овардани кӯдакон бо беш аз як ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, бозгӯи пешравиашро медиҳанд, - афзуд Мавсума Муинӣ. 
mmmmrs401.jpgГуфта шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба такмили он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. 
Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз иштироки фаъолона ва ғолибияти устодону донишҷӯёни ДДМИТ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе миннатдории худро баён намуд. 
Дар тақвияти гуфтаҳои боло сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода доир ба тарғиби ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва маърифату зиракии сиёсии ҷавонон ва дигар масоили муҳим ибрози андеша намуд. 
Шаҳзод Раҳимзода, инчунин дар бораи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ изҳори андеша намуд. 
Дар анҷом муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров зикр кард, ки чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри ҷавони кишвар таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, мавқеи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. 
Пас аз суханрониҳо миёни меҳмонон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Наврӯз Ҷобиров