Хабарҳо
Баррасии осебпазирии низоми бонкӣ
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ савдо ва муомилот тариқи коғазҳои қиматнок сурат мегирад. Тараққидиҳандаи иқтисоди ин ё он давлат низ ҳамин коғазҳои қиматнок ба ҳисоб мераванд. Бахшида ба ҳамин матлаб санаи 29-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи «Осебпазирии низоми бонкӣ ва вобастагии он ба танзими асъор» баргузор гардид.
Семинарро сардори Раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ҳусни оғоз бахшида, зимни суханрониаш фикру ақидаҳояшро дар мавриди пул ва бозори ҷаҳонӣ мухтасар ироа кард. Пасон сармутахассиси шуъбаи назорати асъори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Усмонов Ғуфрон дар мавзуи «Осебпазирии низоми бонкӣ ва вобастагии он ба танзими асъор» маъруза кард. Мавсуф зимни баромадаш дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун банизомдарорандаи асъори мамлакат, даҳгонаи бузурги асъори ҷаҳонӣ ва нақши онҳо дар танзиму таҳрики бозори ҷаҳонӣ гуфта гузашт. Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯз доллар асъори муҳим дар бозори ҷаҳонӣ буда, бештари муомилот бо чунин асъор сурат мегирад. Асъорҳо низ дар доираи бадалшаванда ва қисман бадалшаванда таҳлил карда шуданд.
Пас аз ин устодону донишҷӯён ба маърӯзакунанда савол пешниҳод карданд ва аз ҷавобҳо қонеъ низ гардиданд.
Ифтихор Юсуфов